Без рубрики

«2018 йилда қўшимча 2% квоталар туфайли ногиронликнинг I ва II гуруҳига мансуб бўлган шахслар Ўзбекистонда олий таълим олиш учун ўз имкониятларидан фойдаландилар. Бу олий таълимга ногиронлиги бор шахсларни жалб этиш бўйича олдинга қўйилган илк катта қадам. Ижобий дискриминация ва квоталаш чора-тадбирлари ногиронлиги бор шахслар учун олий таълим муассасаларида таҳсил олиш жараёнида қанчалик самара беради ва тенг имкониятларни ярата олади?», — ушбу саволларга эксперт Дилмурод Юсупов cabar.asia учун махсус мақоласида жавоб беради.

(далее…)

“Забони русӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз мисли қабл ҷойгоҳи муҳимеро ишғол менамояд. Онро дар бахшҳои зиёди ҳирфаӣ истифода менамоянд, аммо сатҳи забондонӣ, бахусус дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад”,-навиштааст сиёсатшинос Муслимбек Буриев дар мақолаи худ, ки махсус барои сомонаи таҳлилии cabar.asia таҳия гардидааст.

English На русском (далее…)

«Агар ўзбек тили давлат тили бўлса, аввал ушбу тилни “яратиш“, кейин «унификация» қилиш ва илмий муомалага киритиш зарур. Фан ва санъатда ўзбек тили тўлақонли қўлланилмаслиги ўзбек тилининг умуммиллий даражада ривожланишига тўсқинлик қилмоқда», — дея таъкидлайди мустақил тадқиқотчи Бахтиёр Алимжанов ўзининг cabar.asia аналитик платформаси учун махсус ёзилган мақоласида.

(далее…)

«Қазақстан билігіне  жолға қойған мақсатқа жету  үшін мектептердегі дінтану     жаңа білім алудағы мектептегі көп пәндердің бірі ғана болып қалмауы керек.  Бұл пән  жастар арасындағы толеранттылықтың өсуіне,  ерекшеліктеріне қарамастан бірігуіне  ықпал етуі керек», —  деп cabar.asia сараптамалық платформасына арнайы жазған мақаласында тәуелсіз зерттеуші Меруерт Сейдуманова атап көрсетті.

Русский English

(далее…)

«Равандҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» нишон дод, ки Тоҷикистон тавоноии иҷрои барномаи тавсеъаи дарозмуддати худро дорад. Ин амр пеш аз ҳама ба ду омил вобаста аст: мавҷудияти иродаи сиёсӣ ва дарки аҳаммияти чунин тарҳе аз сӯи шаҳрвандон», — ин порае аз суханони сиёсатшинос Шералии Ризоён аст, ки дар мақолаи худ барои торнамои таҳлилии cabar.asia овардааст.

Русский

(далее…)

«Ҳарчанд таърифҳои «суннатӣ» ва «таҳаммулпазир» дар мавриди дин ва ҷараёнҳои мухталифи он чандон дуруст нест, аммо тайи ду даҳаи ахир корбурди ин алфоз дар адабиёти расмии сиёсӣ ва дар расонаҳо ба таври густарда роиҷ шудааст.» Дар мақолае, ки РУСТАМ АЗИЗӢ, коршиноси масоили дин аз Тоҷикистон, барои сойти таҳлилии cabar.asia нивишта, ба ин нукта таъкид шудааст.

English Русский


Ба канали мо дар  Telegram  ҳамроҳ шавед! 


Хулосаи мақола:

  • Баъд аз касби истиқлол, масоили марбут ба дин дар ҷамоҳири шӯравии собиқ аҳаммияти вижае пайдо кардааст;
  • Густариши мазҳаби ҳанафӣ дар Осиёи Миёна ба даврони Сомониён бармегардад, чун дар замони фармонравоии ин силсила буд, ки ин фирқа мақоми расмӣ гирифт ва пойгоҳаш дар ҷомеъа устувор шуд.
  • Неҳзати ислоҳ ва навпардозӣ дар мактаби фиқҳи ҳанафӣ дар оғози даҳаи 1970, яъне дар авҷи шукуфоии Иттиҳоди Шӯравӣ ва андешаи худонобоварии он, оғоз шуд;
  • Рӯйдодҳои поёни даҳаи 1990 ва оғози солҳои 2000 нишон дод, ки муассисоти динӣ ва рӯҳониёни маҳаллӣ дар Тоҷикистон барои истодагӣ дар баробари чолишҳои тоза ва ҳамчашмӣ бо мавҷи наве аз ҷараёнҳои динӣ омода набуданд;
  • Дар набарди байни ҷараёнҳои мазҳабии «куҳна» ва «нав» давлат дахолат кард ва интихобаш рӯи суннатҳо ва суннатгароён қарор гирифт. Ҳамакнун мазҳаби ҳанафӣ дар Тоҷикистон тақрибан ба як ҷараёни мазҳабии расмӣ табдил шудааст;
  • Кишварҳои ҳамсоя таҷрубаи Тоҷикистон дар ин ҳавзаро мутолеъа мекунанд.

Мавзӯъи робитаи исломи «суннатӣ» ё «маҳаллӣ» бо ҷараёнҳои навгаро ё бунёдгарои ифротӣ дар солҳои ахир таваҷҷуҳи фаровони ҷомеъаро ба худ ҷалб кардааст. Дар айни ҳол. арзёбиҳо ва натиҷагириҳои чандон саҳеҳе аз ин масоил ба гӯш намерасад.

Мурод аз исломи «суннатӣ» ё «маҳаллӣ» чист? Корбурди таърифҳои мушобеҳе дар ин маврид то чи андоза дурусту муносиб аст? Ва он хатти қирмизе, ки исломи «суннатӣ»-ро аз «ғайрисуннатӣ» ё исломи баистилоҳ «маҳаллӣ»-ро аз «нақшаҳои хориҷӣ» ҷудо кунад, куҷост? Кудом яке афсона асту дигаре ҳақиқат?

Тарҳи масъала дар партави фарояндҳои ҷаҳонӣ ва ҷуғросиёсӣ (геополитикӣ)

Равандҳои ҷаҳонӣ шудан ҳамроҳ бо дастовардҳо ва фазилатҳои инкорнопазираш чолишҳо ва таҳдидҳоеро ҳам дар пешорӯи ҷомеъаҳои суннатӣ ва давлатҳои миллӣ мегузорад. Ин чолишҳоро бахусус давлатҳои ҷавоне, ки дар марҳилаи ибтидоии истиқлол ва эҷоди ҳувияти миллии худ ҳастанд, беҳтар ҳис мекунанд. Дин, аз ҷумла ислом, ба ҷузъе аз фарояндҳои ҷаҳонӣ шудан ва паёмадҳои ношӣ аз он табдил шудааст. Нақши омили динӣ аз поёни даҳаи 80-и қарни гузашта батадриҷ барҷастатар шуд. Ин амр ба заъиф шудани низоми шӯравӣ ва назорати он бар дин ва қувват гирифтани ҷараёнҳои марказгурез ва миллигаро дар ҷамоҳири шӯравии осбиқ муртабит аст. Дар ин кишварҳо дилбастагӣ ба аносири ҳувият, монанди забон ва дин, афзоиш ёфт ва ин омил то ҳадде дар нахустин танишҳо ва низоъҳои қавмию мазҳабӣ нақши боризе дошт.

Матни зери акс: Дар даҳаи 1990 мавҷи тозае аз рӯҳоният аз ҷумлаи ҷавонони таҳсилкарда дар кишварҳои хориҷӣ падид омад. Акс аз: ozodi.org
Матни зери акс: Дар даҳаи 1990 мавҷи тозае аз рӯҳоният аз ҷумлаи ҷавонони таҳсилкарда дар кишварҳои хориҷӣ падид омад. Акс аз: ozodi.org

Баъд аз касби истиқлол, масоили марбут ба дин дар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ аҳаммияти бештаре пайдо кард. Давлатҳои навпо ба дунболи мудели ҷадиду муносибе аз робитаи байни дину давлат мегаштанд. Дар ҷамоҳири мусалмони Осиёи Миёна рӯйдодҳо тибқи сенориюҳои гуногун ҷараён дошт. Барои ҷумҳуриҳои туркизабони минтақа мудели Туркия, ки бар низоми дунявӣ, ташкили давлати миллӣ ва ҳамгироии мардумони туркизабон тамаркуз дошт, дар ин ё он сатҳ улгу қарор гирифт. Барои тоҷикон наздиктарин кишварҳо бо муштаракоти забонӣ ва торихию фарҳангӣ Эрону Афғонистон буданд, ки дар номҳои расмияшон «ҷумҳурии исломӣ» таъриф шудаанд. Таъсири ин авомилро метавон дар шиъорҳои исломгароёни тоҷик нишон дод, ки гоҳе ҳатто ба дур аз бофтори маҳаллӣ, аз таъбирҳои роиҷ дар замони инқилоби исломии Эрон тақлид мекарданд.

[quote]»Дар майдонҳо шиъорҳое чун “Истиқлол, озодӣ, ҷумҳурии исломӣ!”, “Амрико, Амрико, марг ба найранги ту! Хуни шаҳидони мо, мечакад аз чанги ту”, “Роҳи мо – роҳи Алист, гуму гӯр шав коммунист!” ва ғайра садо медоданд. [/quote]

Талоши мушаххас кардани ҷойгоҳи дин дар фарояндҳои сиёсию иҷтимоъӣ

Баъд аз имзои созишномаи сулҳ ва мусолиҳаи миллии Тоҷикистон гурӯҳҳои исломгаро ба унвони як бозигари сиёсӣ ба ҳукумат пайвастанд ва бо бозгашти кишвар ба зиндагии орому осуда, зиндагии мазҳабӣ низ дубора оғоз шуд. Дар ин даврон нахустин фориғтутаҳсилони мадориси динии кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргаштанд. ‌Иттифоқан, авалин гумоштаҳои хориҷӣ ва мубаллиғони ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ ҳам дар ин даврон аз мавҷудияти худ хабар доданд. Таҳаввулоти поёни даҳаи 1990 ва оғози солҳои 2000 омода набудани муассисоти динӣ ва рӯҳониёни маҳаллӣ барои истодагӣ дар баробари чолишҳои тоза ва рақобат бо мавҷи наве аз ҷараёнҳои диниро бармало сохт, аммо бетарафии мақомот дар ин замина мӯҷиб шуд, ки шахсиятҳои муътабари мазҳабӣ ба ҳошия ронда шаванд.

[pullquote]Танҳо аз оғози солҳои 2000-ум ба баъд аст, ки дар адабиёти сиёсӣ фарохонҳое барои пуштибонӣ аз исломи «маҳаллӣ», «суннатӣ» ва ё «таҳаммулпазир» ба мушоҳида мерасад.[/pullquote]

Ҳарчанд таърифҳои «суннатӣ» ва «таҳаммулпазир» дар мавриди дин ва ҷараёнҳои гуногуни он чандон саҳеҳ нест, аммо тайи ду даҳаи ахир корбурди ин вожаҳо дар адабиёти расмии сиёсӣ ва дар расонаҳо ба таври барҷаста мутадовил шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ибҳомоте, ки дар таърифи мафоҳими «суннатӣ» ва «ғайрисуннатӣ» дар бофтори ҷомеъаи исломӣ вуҷуд дорад, ва аз бас дар ислом ниҳоди расмии мутамаркизе чун калисо мавҷуд нест, ки таърифҳои машрӯъе аз «дуруст» ва «ғалат» бидиҳад, бо мулоҳизоти вижа таъкид мекунем, ки муроди мо аз «суннатӣ» дар идомаи ин матлаб «улгӯи хоссе аз таҷрубаи торихии дин аст, ки дар қаламраве мушаххас шакл гирифтааст.»

«Суннатӣ» ва «маҳаллӣ» барои Тоҷикистон чи маъно дорад?

Дар бофтори Тоҷикистон метавон аз ҷараёнҳои торихан бонуфуз ва таъсиргузори ҳанафӣ ва исмоъилӣ сухан гуфт. Мазҳаби исмоъилия, сарфи назар аз шумори андаки пайравонаш дар даврони муъосир, дар ҳаёти фарҳангию мазҳабии тоҷикон ва дар мероси илмию адабии онҳо таъсири қобили таваҷҷуҳе доштааст. Мо наметавонем бо истидлолоҳои бархе муаллифон дар мавриди «суннатӣ» будани тасаввуф ҳамнаво бошем, зеро тариқатҳои сӯфия ҳамеша аз маҳфилҳо ва ҷамоъатҳое нимамахфӣ (гоҳ ошкору гоҳ ниҳон) иборат буданд, ки гоҳ иддиъои навъе каромат ва бузургворӣ доштанд. Бино бар ин, мо наметавонем аз мардумӣ ва тӯдаписанд будани суннатҳо ва ҷараёнҳои сӯфия сухан ба миён оварем. Вале бояд таъсири инкорнопазири бархе аносири ирфону тасаввуф дар адабиёт ва фарҳангу суннатҳои мардумиро дар мадди назар дошт.

Мусаллам аст, ки мактаби фиқҳи ҳанафӣ аз мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоъат аст ва бахши аъзаме аз мардуми Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсуд аз он пайравӣ мекунанд. Номи Имом Абӯҳанифа, ҳам барои мусалмонони пайрави мазоҳиби мухталиф ва ҳам барои касоне, ки ба таври тахассусӣ дар бораи ислом пажӯҳиш мекунанд ё фақат ба он алоқа доранд, ошност. Ва ин аҷиб нест: пайравони мактаби фиқҳи ҳанафӣ дар миёни ҷараёнҳои дигари фиқҳию мазҳабии исломӣ дар ҷаҳон аксарияти мутлақро ташкил медиҳанд.

Ҷуғрофиёи тахминии густариши фирқаҳои исломӣ. Акс: info-islam.ru
Ҷуғрофиёи тахминии густариши фирқаҳои исломӣ. Акс: info-islam.ru

Ингуна мавқеъияти устувори мазҳаби ҳанафиро бо чанд далел метавон шарҳ дод. Аз лиҳози торихӣ, аксари шогирдону пайравони Имом Абуҳанифа аз минтақаи Осиёи Миёна бархоста буданд. Аммо ин бад-он маъно нест, ки мазҳаби ҳанафӣ ё ба истилоҳ мазҳаби «аҳли раъй» (тарафдорони қазоват ё ақлгароён) аз ҳамон оғоз билофосила дар ин минтақа густариш ёфта бошад. Дуруст то поёни қарни нуздаҳум ҷойгоҳи мактаби «аҳли ҳадис» (пайравони суннат ё суннатгароён) дар Мовароуннаҳру Хуросон бисёр қавӣ буд, ки номҳои шахсиятҳои барҷастае дар ҷаҳони ислом, монанди Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Доримии Самарқандӣ, Дорулқутнии Самарқандӣ ва дигарон ба он муртабит аст. Ҳамчунин, дар Мовароуннаҳр пайравони шофеъия (яке аз макотиби фиқҳи аҳли суннат ва ҷамоъат), шиъиёни исноъашарӣ (фирқаи ғолиб дар миёни мусалмонони шиъа), исмоъилиҳо (маҷмӯъе аз ҷараёнҳои мазҳабӣ дар мазҳаби аҳли ташайюъ) ва қарматиён (аз ҷараёнҳои ғулоти шиъа, ки ба равишҳои хушунатомези тарвиҷи ақоиди худ тамаркуз дорад) дар ин минтақа дар гузашта фаъол буданд.

Устувор шудани ҷойгоҳи мазҳаби ҳанафӣ дар минтақа ба дудмони Сомониён рабт дорад, ки дар замони фармонравоии онҳо ин мазҳаб мақоми расмӣ гирифт ва ҳамаи қозиҳо аз ҷумлаи пайравони ин мазҳаб гумошта мешуданд. Исломшинос аз Русия, С. М. Прозоров, дуруст зикр мекунад, ки дар ислом меъёрҳои дақиқе барои ташхиси «муъмин» аз «мулҳид» вуҷуд надорад ва ҷараёнҳои ҳақ ё ботилро ғолибан фармонравоён таъйин мекарданд.[1] Дар ҳар сурат, ҳанӯз дар қарни X мазҳаби ҳанафӣ ба як мазҳаби ғолиб ва навъе «расмӣ» дар минтақа табдил шуд ва уламои Мовароуннаҳр аз пешкисватон ва «шореъони» дин ба шумор мерафтанд. Ин вазъ камокон то авосити қарни XIII ҳифз шуд. Дар тамоми ин муддат мазҳаби ҳанафӣ побапои замон пеш мерафт – мероси фиқҳӣ, сиёсию иҷтимоъӣ ва фарҳангии азиме эҷод шуд, ки ҷавобгӯи ниёзҳои замон буд; мубаллиғони ҳанафӣ исломро дар миёни қабоили кӯчии турк интишор доданд, ва дар ислом овардани мардумони сокин дар каронаҳои рӯди Вулго ва Сибрӣ ҳам саҳм доштанд. [2] Дар ин муддат ин мазҳаб чунон дар пӯсту хуни мардуми минтақа ва суннатҳои онон реша давонд, ки ба ривояти муваррихон ва ҷуғрофидонҳои қуруни вустоӣ, саканаи минтақа аслан аз ҳанафиҳо иборат буд. Пас аз ҳамлаи муғул бештари уламои барҷастаи дин ба Ҳинд ва Рум (Осиёи Сағир) муҳоҷират карданд ва Мовароуннаҳр сабқати зеҳнӣ ва талоядории мазҳабро аз даст дод. Аз ин даврон ба баъд мазҳаби ҳанафӣ дигар омили навгароӣ ва таҷаддуд набуд ва бештар ба ҳифзи суннатҳо тамаркуз дошт.

Кӯшишҳои навпардозӣ дар батни мактаби фиқҳи ҳанафӣ

Ҳамон тур ки маълум аст, дар ҳамаи давру замонҳо афроди ҷудогонае талошҳое барои ислоҳ ва таҷдиди ин мазҳаб анҷом додаанд, ки онҳоро ба ду гурӯҳ мешавад ҷудо кард:

1) Гурӯҳи аввал саъй мекард бо такя бар Қуръону Суннат (ахбору ривоёти роиҷ дар миёни мусалмонон дар бораи зиндагии паямбар Муҳаммад, ки мукаммили Қуръон маҳсуб мешавад) мазҳаби ҳанафиро ба мазоҳиби дигари аҳли суннат ва ҷамоъат наздик кунад ва бархе аз ноҳамвориҳо, таноқузот ва ихтилофи назарҳои поягузорони мазҳаб бо манобеъи дасти аввалро бартараф намояд.

2) Гурӯҳи дувум ба суннати ақлгароӣ такя мекард ва саъй мекард мазҳаби ҳанафиро бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳо ва воқеъиятҳои даврони худ ислоҳ ва таҷдид кунад.

Талошҳо барои ислоҳ ва навсозии мазҳаби ҳанафӣ дар минтақаи Осиёи Миёна дар авохири қарни XIX бо зуҳури ҳаракати Ҷадидия (неҳзати сиёсию иҷтимоъӣ ва рӯшанфикрӣ дар миёни мардумони мусалмон (ғолибан турктабор) дар имперотурии Русия дар авохири қарни XIX — авоили қани XX) дубора ҷон гирифт, ки шумори зиёде аз аҳолии илму адаби мо ба он пайваста буданд. Онҳо саъй доштанд низоми омӯзишӣ ва системи сиёсию ҳуқуқии кишварро ислоҳ кунанд, вале бо муқовимати шадид, чи аз сӯи рӯҳонияти суннатӣ ва чи аз сӯи мақомҳои давлатӣ рӯбарӯ шуданд. Баъд аз истиқрори давлати шӯравӣ, онҳо аз саҳна нопадид шуданд ва мазҳаби ҳанафия дубора ба вазъияти даврони қуруни вустоӣ баргашт.

Ҳарчанд зидду нақиз ба назар мерасад, аммо фароянди ислоҳот ва навсозии мазҳаби ҳанафия дар даҳаи 70-и садаи гузашта, яъне дар даврони авҷи шукуфоии иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва андешаи бехудоӣ, муҷаддадан оғоз шуд. Ду мавҷи ислоҳталабӣ ва таҷаддуди исломиро дар маҷмӯъ, ва мактаби фиқҳи ҳанафиро бахусус, метавон дар Тоҷикистони даврони шӯравӣ аз ҳам ташхис дод:

Мавлавии Ҳиндустонӣ. Акс аз: wikipedia.org
Мавлавии Ҳиндустонӣ. Акс аз: wikipedia.org

 Мавҷи аввал ба даҳаи солҳои 1970 бармегардад ва ба номи Мавлавии Ҳиндустонӣ муртабит аст. Дар он даврон бархе аз намояндагони имрӯза муътабару бонуфузи рӯҳоният, монанди Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, Махсуми Саидраҳмон, Асомуддин ва дигарон пеши ӯ сабақ гирифтаанд. Ҳиндустонӣ, ки дар мадориси динии Ҳинд таҳсил карда, аз онҷо васоили нави омӯзишӣ ва равишҳои нисбатан ҷадиди тадриси улуми диниро ба армуғон овард. Илова бар ин, ӯ аз Хӯқанд буд ва бархе одобу русум ва суннатҳои маҳаллӣ барояш бегона буданд, бино бар ин, аз онҳо интиқод мекард. Ҳамчунин, ба унвони яке аз намояндагони бонуфузи рӯҳонияти он замон, метавон аз Эшони Тӯраҷон ном бурд. Онҳо фаъолиятҳое барои аз миён бурдани бархе аз «хурофот» ва «бидъатҳо» дар одобу русуми мардум, боло бурдани сатҳи омӯзиши динӣ ва рӯшангарӣ дар миёни теъдоди муъайяне аз мардум анҷом медоданд. Дар ҳамин давра буд, ки дар миёни рӯҳонияти Тоҷикистон нахустин дидгоҳҳои сиёсӣ шакл гирифт.[3] Ва ҳарчанд талошҳое дар он давра барои ислоҳи мазҳаб дар посух ба ниёзҳои замон сурат гирифт, аммо бештари намояндагони рӯҳоният ҳамчунон дидгоҳҳои суннатӣ доштанд ё сиёсати мудохила накардан дар ин умурро дар пеш гирифта буданд.

Мавҷи дувум дар даҳаи 1980 маҳофили васеътаре аз ҷомеъаро фаро гирифт ва мутаносибан доираи мавзӯъоти мавриди баҳсаш ҳам густардатар буд:

Навсозӣ ва ислоҳи системи маъориф. Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода шогирдони худро бо осори мутафаккирон ва ислоҳталабони исломӣ, монанди Саид Қутб ва бародараш Муҳаммад Қутб, Муҳаммади Ғаззолии Миср, Мавдудӣ ва ғайра ошно карданд. Китобҳои дар он замон машҳуре чун «Тардидҳо перомуни ислом» (شبهات حول الإسلام) ва «Муколима бо як дӯсти мулҳид» (حوار مع صديقي الملحد) аз сӯи онон тарҷума шуд. Ин китобҳо, ба далели имконоти маҳдуд, бо нусхабардории тасвирӣ (футукупӣ) таксир ва мунтшир мешуданд. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши тафсирҳои Қуръону Ҳадис (ахбору ривоёте аз рӯзгори паямбари ислом), ки дар барномаи мадориси Бухоро аз онҳо сарфи назар шуда буд, афзоиш ёфт.

Ислоҳи дидгоҳҳо дар робита бо ойинҳо ва суннатҳои мазҳабӣ
Дар инҷо маҳофили ҷудогонае аз рӯҳоният ба носозгории суннатҳо ва маросими динӣ бо ислом таъкид мекарданд ва навъе корзори вижа барои решакании «таъассубу хурофот» ва «бидъатҳо» оғоз шуд. Давраи беш аз ҳафтодсолаи ҳукумати шӯравӣ бо андешаи бехудоӣ ё худонобоварӣ (отеисм)-и «ситезаҷӯёна» ва дертар «илмӣ» мунҷар ба ҷудоӣ ё дурии зиндагии мазҳабӣ ва иҷрои маросими динӣ аз воқеъиятҳои рӯзи ҷомеъа шуд. Далели ин амр маҷмӯъе аз масоил ва пурсишҳои умдаи мавриди баҳс дар он даврон аст, ки бо вуҷуди содагӣ воқеъиятҳои он рӯзгорро мунъакис мекунанд: Масалан, ин ки оё зиёрати мазорҳо (ё мақбараҳои шахсиятҳои бонуфузи мазҳабӣ) ҷоиз аст? Оё мешавад барои арвоҳи даргузаштагон фотиҳа (сураи вввали Қуръонро) хонд? Оё пул гирифтан барои қироат ё хатми Қуръон ҷоиз аст? Оё аз хондани Қуръон суде ба арвоҳи даргузаштагон мерасад? Оё аз хондани Қуръон барои бемор фоидае ҳосил мешавад, агар ӯ намефаҳмад? Оё мешавад дар ниёишҳои худ аз авлиёву анбиёи гузашта умеди шафоъат кард? Оё аз ҷои худ бархостан ва даст пеши бар салом додан ба рӯҳониён дуруст аст? [4]

[pullquote]Ин пурсишҳои ба зоҳир сода ва бетакаллуф мубориза байни таҷаддудхоҳӣ ва суннатҳои ҳоким дар зиндагии мазҳабии он давронро басароҳат бозтоб медиҳад.[/pullquote]

Ҳамчунин, дар он замон навсозии дидгоҳҳо перомуни нақши сиёсию иҷтимоъии дин ба мушоҳида мерасад, ки дар меҳвари он масъалаи ҷоиз будан ё набудани таъсиси ҳизби исломӣ ва мушорикати намояндагони рӯҳоният дар зиндагии иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва фарҳангии як давлати секулор ё дунявӣ қарор дорад.

Даври ҷадиде аз рӯёрӯӣ, дахолати давлат

Дар даҳаи навади қарни гузашта, дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон, дар ҳоле ки намояндагони ду мавҷи аввал барои касби нуфузи бештаре мубориза мекарданд ё машғули мавзеъгирӣ нисбат ба тарафҳои даргир буданд, мавҷи тозае аз рӯҳоният аз миёни ҷавонони таҳсилкарда дар кишварҳои хориҷӣ падид омад. Ин ҷавонон, ба ғайр аз омӯзиши улуми исломӣ, ҳамчунин таҳти таъсири расму ақоиди динии хориҷӣ ва ҷараёнҳои навгаро ё ифротӣ қарор гирифтанд. Доманаи ин гароишҳо аз таҷаддудхоҳони ғарбгаро ва ҳанафиҳои суннатӣ гирифта, то салафиҳои мофавқи суннатгаро, ки хостори бозгашт ба асри тилоии «исломи ноб» ҳастанд, ва ҷараёнҳои ифротӣ бо хостаҳои сиёсие чун Ҳизби Таҳрир, Байъат, Такфир в-ал-ҳиҷра (ки онҳо низ салафӣ хонда мешаванд) дар навасон аст. Ҳамаи инҳо барои ҷалби ҳарчи бештари мухлисону муридон ва тақсими ҳавзаи нуфузашон ба рақобат пардохтанд.

Таҷаддудхоҳон ва ислоҳталабони собиқи ду мавҷи аввал, ки акнун шӯру ҳаяҷонашон фурӯкаш карда ва мутаъодилтару бомулоҳизатар шуда буданд, бо мавҷи тоза ба мухолифат пардохтанд. Табиъист, ки иқболи онҳо дар ин замина чандон зиёд набуд, зеро чи аз лиҳози фикрию ақидатӣ ва чи аз лиҳози дастрасӣ ба имконоти молӣ нисбат ба насли «ҷавон» заъифтар буданд. Вале ба бахти онҳо, дар ин рӯёрӯӣ давлат мудохила кард ва интихобаш рӯи суннатҳои маҳаллӣ қарор гирифт. Дар ин даврон мебинем, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои худ бар нақш ва ҷойгоҳи мазҳаби ҳанафӣ дар ҷомеъа таъкид мекунад. Ӯ ба иловаи суханрониҳо, китобҳо ва мақолоте ҳам дар бораи Имом Абӯҳанифа ва мазҳаби ҳанафӣ менивисад, соли 2009 «Соли бузургдошти Имом Абуҳанифа» эълом мешавад, ҳамоиши байналмилалии пурсарусадои «Мероси Имом Абӯҳанифа ва нақши ӯ дар гуфтугӯи тамаддунҳо» баргузор мешавад, ҷараёнҳои мухталифи мазҳабӣ расман мамнӯъ шудаанд, дар таҳрири ҷадиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бахше дар бораи «ба расмият шинохтани нақши вижаи мазҳаби ҳанафии дини ислом дар пешрафти фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии мардуми Тоҷикистон«[5] изофа ва тасвиб мешавад, яъне фирқаи ҳанафӣ тақрибан ба як мазҳаби расмии давлатӣ табдил мешавад. Кулли ин моҷароҳо бар тибқи як сенориюи намуна сурат пазируфт: «пайравӣ аз ин ё он мазҳаб дар бархе шароит ба маънои ҷонибдорӣ аз ин ё он ҳукумат буд, зеро ҳукуматҳои мухталиф дар тағйири мазоҳиб дар миёни мусалмонон нақши боризе доштаанд.»[6]

Пуштибонӣ аз исломи «суннатӣ» имкони истифода аз он ба унвони як омили ваҳдатзо дар сохтану пардохтани аркони ҳувияти миллиро фароҳам мекунад. Муҷассамаи Исмоъили Сомонӣ дар Душанбе. Акс аз restbee.ru
Пуштибонӣ аз исломи «суннатӣ» имкони истифода аз он ба унвони як омили ваҳдатзо дар сохтану пардохтани аркони ҳувияти миллиро фароҳам мекунад. Муҷассамаи Исмоъили Сомонӣ дар Душанбе. Акс аз restbee.ru

 Тадобири анҷомшуда аз сӯи давлат паёмадҳои мусбате дошт. Дар натиҷа, шумори мубаллиғони ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои «ғайрисуннатӣ» дар минтақа ба таври чашмире коҳиш ёфт — гурӯҳҳое, ки на танҳо ба тарвиҷи афкору ақоиди ифротгароёна машғул буданд, балки оромишу сабот дар зиндагии мазҳабии ҷомеъаро ҳам баҳам мезаданд.

Дар ин ҳавза, Тоҷикистон бо анҷоми тадобири муносиби танзимию таҳримӣ ё боздоранда дар сатҳи қонунгузорӣ ва дар сиёсатҳои худ бар ҳамсоягонаш пешӣ гирифт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бар нақши суннатҳо ва урфу одоти миллӣ таъкид мекунад; «Истротежии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқобала бо ифротгароӣ ва терурисм барои солҳои 2016-2020» ва Нақшаи фаъъолиятҳо барои иҷрои он таҳия ва тасвиб шудааст[7]; «Кунсепсиюни сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи дин»,[8] ва ҳамчунин бисёре аз қавонин ва муқаррароти дигар таҳия ва тасвиб шудаанд, ки акнун дар ҳоли пиёда шудан ҳастанд ва бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳо ва костиҳои ошкоршуда ислоҳу такмил хоҳанд шуд. Аз таҷрубаи Тоҷикистон дар ин ҳавза кишварҳои ҳамсоя сабақ меомӯзанд.

[quote]Яке аз нуқоти қуввати пуштибонӣ аз исломи “суннатӣ” ин аст, ки он ба мероси адабию маънавии ниёкон сахт гиреҳ хурдааст. Ва ин амр кумак мекунад, ки аз ин гароиш ба унвони як омили ваҳдатзо дар сохтану пардохтани ҳувияти миллӣ истифода шавад.[/quote]

Дар айни ҳол, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки дар ҳудуди як қарни ҳукумати шӯравӣ, замоне ки дин аз зиндагии иҷтимоъӣ ба ҳошия ронда шуда буд, муассисоти мазҳабии суннатӣ бо сохтори куллии ҷомеъа пайванди заъифе доштанд. Ба ин тартиб, душвории бозгашти зотии ин ниҳодҳо ба муҳити иҷтимоъию фарҳангиро бо таваҷҷуҳ ба воқеъиятҳои рӯз метавон ба ин амр нисбат дод. Яъне муассисоти мазҳабии суннатӣ ба маркаби гаронборе табдил шуданд, ки то расидан ба ҳамраҳон бояд роҳи дарозеро дар муддате кӯтоҳ тай кунад. Дар даврони шӯравӣ рӯҳоният аз қудрат ва ҳукумат фосила гирифт, ва дар натиҷа абзорҳои муносиб барои эҷоди равобити мутақобила байни онҳо аз миён рафтааст.

Дастовардҳо, нокомиҳо ва чолишҳо дар пешбурди сиёсати ҳимоят аз исломи «суннатӣ»

Дар баробари нукоти мусбат, иҷрои ин тадобир бархе мушкилот ё ба истилоҳ «сахраҳои зери обро» ҳам бармало сохт, ки шояд дар оянда таҳдидҳо ва чолишҳои тозае бор оварад.

Таҳлили фароянди иҷрои ин тадобир нишон медиҳад, ки «рӯҳонияти расмии суннатии ҳанафӣ» ба «пуштибонӣ аз боло» ғарра шуда ва на ҳамеша қодир аст худаш бебокона пеш равад ва ё худро таҷдид кунаду бо ниёзҳои замон вифқ бидиҳад, ва ё дар баробари таҳдидҳои хориҷиву дохилӣ аз худ дифоъ кунад. Бештари вақтҳо, кулли истидлоли онҳо дар муҷодала бо созмонҳо ва ҷараёнҳои дигари мазҳабӣ ба ин лофи газоф хатм мешавад, ки «давлат моро ба расмият мешиносад ва ба мо салоҳият додааст». Ва ин амр амалан ба коҳиши нуфузу эътибори онҳо дар ҷомеъа мунҷар шудааст. Назарсанҷиҳои умумӣ нишон медиҳад, ки сатҳи эътимоди мардум ба имомони масоҷид ба таври фоҷеъаборе коҳиш ёфта ва дар натиҷа, ҷои холии онҳоро ба истилоҳ «имомони интернетӣ» пур кардаанд. Таъкиди барафзун бар «давлатӣ» будани ин даста аз ходимони дин ақшори дорои зарфияти эътирозӣ дар ҷомеъаро аз мавъизаҳо ва фаъъолиятҳои онон дур месозад.

Гунгу номушаххас будани таърифи «исломи суннатӣ» ба ҳадсу гумоназаниҳое дар бораи ин мафҳум дар адабиёти сиёсӣ ва равобити иҷтимоъӣ доман задааст. Дар натиҷа, иттиҳоми «ғайрисуннатӣ будан» ба як абзори саркӯби рақибону мухолифон ва ё ривояте барои озору азият ва табъизи «ғайрисуннатиҳо» табдил мешавад. Чунин таҷрубае аз ҷаззобияти «исломи суннатӣ» барои қишри бетарафу миёнарави ҷомеъа мекоҳад ва бар хатари ифротӣ шудани онҳо меафзояд.

Яке аз чолишҳои дигари сиёсати ҳимоятгароӣ (protectionism) дар мавриди «исломи суннатӣ» чашмпӯшӣ аз риъояти асли «секулорисм» (дунявият) ва «арҷгузорию таҳаммул нисбат ба ҳамаи динҳо ва ҷараёнҳои динӣ» дар Қонуни асосии Тоҷикистон аст. Ин асл дар муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳам зикр шудааст. Ин ҳамон мушкилест, ки пайваста дар гузоришҳои интиқодии созмонҳои байналмилалӣ дар робита бо сиёсати расмии давлати Тоҷикистон садо медиҳад. Ин пурсиш, ки то чи андоза «мазҳаби расмӣ» бо мақоми давлати дунявӣ (секулор) созгор аст ва хатти фосил миёни онҳо дар куҷо хатм мешавад, ҳануз посухе надорад.

Натиҷагирӣ ва тавсияҳо

Ҳангоми пиёдасозии сиёсати ҳимоятгарона дар мавриди «исломи суннатӣ» бояд ин нуктаро дар мадди назар дошт, ки ин ҷараён метавонад дар фарояндҳои иҷтимоъию фарҳангӣ ҳам нақши мусбат ва ҳам нақши манфӣ иҷро кунад.

Аввал аз ҳама, ба хотири ин воқеъият, ки ҳар чизи суннатӣ асосан муҳофизакорона ва устувор бар появу усулест, ки шояд дар фароянди анҷоми ислоҳот ва навсозӣ ба унвони як монеъи даступогир амал кунад.

Сониян, таҳдиди истифода аз шиъорҳои пуштибонӣ аз «исломи суннатӣ» ҳамчун абзоре барои мубориза бо рақибон ва баҳонае барои саркӯби мухолифон баростӣ вуҷуд дорад.    

Солисан, пӯшиши матбӯъотии таблиғомез ва носанҷидаи ҳимоят аз «исломи суннатӣ» метавонад ба вокуниши манфии ақшоре, ки зарфияти болои эътирозӣ доранд, мунҷар шавад ва онҳоро ба самти ифротгароӣ савқ диҳад.

Бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои ёдшуда, ҷалби таваҷҷуҳи бозигарони мухталиф ба ин тавсияҳо баҳангом ва муносиб аст:

  • Паҳлуҳои норӯшану печидаи мафҳуми «исломи суннатӣ»-ро бояд бо диққат ва борикбинона омӯхту дарк намуд;
  • Унсурҳои мухарриберо, ки дар андеша ва амали «исломи суннатӣ» нуҳуфтааст, бояд дар мадди назар дошт ва ҳушмандона ба баррасӣ гирифт. Аз ҳар гуна ормонгароӣ ва хиёлпардозӣ дар бораи он бояд парҳез кард ва хоссиятҳо ва зарфиятҳоеро, ки дарвоқеъ вуҷуд надоранд, набояд ба он нисбат дод.
  • Ҳангоми пиёда сохтани сиёсати давлатӣ дар ҳавзаи дин бояд ба афзоиши зарфиятҳои дунявӣ ва баҳрабардорӣ аз он, ва бархӯрди бетарафона нисбат ба масоили дин тамаркуз кард ва аз ифроту тафрит дурӣ ҷуст: ҳам аз рӯйкарди таҳоҷумию душманона ва динситезона, ки ба даврони Шӯравӣ бармегардад, ва ҳам аз зиёдаравӣ дар посдории падидаи гунгу мубҳаме ба номи «исломи суннатӣ».
  • Ходимони дин ба ҷои вазъияти расмии худро ба рухи мардум кашидан ва барангехтани нигаришҳои манфӣ нисбат ба худ ва муассисоти давлатӣ, бояд рӯи афзоиши зарфиятҳои мусбат дар фарҳанг ва расму ойинҳои мазҳабӣ моя гузоранд ва арзишҳову андешаҳои инсониро оромона ривоҷ диҳанд.
  • Аҳолии илму фарҳангро, ба навбаи худ, лозим аст нигариши худ ба унсури мусалмонӣ дар фарҳанги бумиро бозбинӣ кунанд, ва аз ин унсур дар ибдоъот ва навовариҳои илмию амалии худ ба таври халлоқона истифода кунанд.
  • Дар барномаҳои омӯзишӣ таълимот ва афкори «исломи суннатӣ» бояд дар гуфтмони маърифатию омӯзанда тадрис шавад, на ба унвони китобҳои фароиз ва воҷиботи динӣ, ки имрӯз фаровон ба мушоҳида мерасад.

Имрӯз Тоҷикистон аз таҷрубаи ғанию мусбате дар ҳавзаи ҳимоят аз исломи «суннатӣ» ва ҷалби зарфиятҳои мусбати он ба ҳаёти ҷомеъа бархурдор аат. Арзёбии ҳушмандона аз вазъияти дин ва иҷрои сиёсати динӣ имкон медиҳад, ки ин истротежӣ ба дурнамо табдил шавад ва бароии кишварҳои дигар, аз ҷумла минтақаи Осиёи Миёна, ҷолиб бошад.

Феҳристи манобеъ: 

[1]  См. Прозоров С. М. «Ортодоксальное» и «еретическое» в раннем исламе. Введение в Шахристани Мухаммад ибн Абдулькарим. «Книга о религиях и сектах (Китаб ал-милал ва-н-нихал)». – Москва: Наука, 1984. – С. 10 — 11.  

[2] См. Фахрутдинов Р.Г. Очерки по истории Волжской Булгарии. — М., 1984. – С.14-39.

[3] См. Абдуллоҳи Раҳнамо. Уламои исломӣ дар Тоҷикистон.. – Душанбе: «Ирфон», 2009, – С. 118 -128. 

[4] Бабаджанов Б. М. и др. Диспуты мусульманских религиозных авторитетов в Центральной Азии в веке. – С. 116. цыт. по Абдуллоҳи Раҳнамо. ук. соч. – С. 154.   

[5] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009 год, №3, ст. 82; Закон РТ от 28.06.11г., №739

[6] См. Наумкин В.В., Пиотровский М.Б. X-XII вв. В истории народов Ближнего и Среднего Востока  –  “эпоха трансформации”? //  Мусульманский мир. 950-1150. – М., 1981. – С. 11.

[7] Утверждена Указом Президента Республики Таджикистан от 12 ноября 2016 года №776

[8] Утверждена Указом Президента Республики Таджикистан от 4 апреля 2018 года, №1042


Ин мақола дар чорчӯби лоиҳаи IWPR «Субот Осиёи Миёна аз роҳи муколама» таҳия шудааст. Назароти дар мақола овардашуда баёнгари мавзеъи расона ва ё сарпарасти он нестанд.

Дар матлаби вижае, ки барои торнамои таҳлилии cabar.asia навишта, сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов овардааст: «Аксари кулли пажӯҳишҳое, ки ба мавзӯи Чин ихтисос доранд, ба мутолеъаи ҷанбаҳои сирфан мусбати ҳамкорӣ бо Чин тамаркуз мекунанд. Дар муқобил, ҳама гуна талоше барои баррасии каму беш интиқодии паҳлуҳои гуногуни тавсеъаталабии Чин дар Тоҷикистон дар рӯҳияи замони Шӯравӣ ҳамчун «дасисаи душманони хориҷӣ» ва ё «рақибони жиюпулитики» Чин тавсиф мешавад.»

 Русский English 


Ба канали мо дар  Telegram ворид шавед! 


Хулосаи мақола:

  • Имрӯз дар Чин бисёре инсофан бар ин боваранд, ки бархурдорӣ аз як нерӯи нарми созмонёфта ва муваффақ аз авомили умдаи тақвияти ҳузури ин кишвар ва зомину заминасози қудрат ва нуфузи ояндаи Чин дар ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Миёна, аст;
  • Дар чанд соли ахир шумори пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои мутолеъотӣ барои омӯзиши масоили Осиёи Миёна ва Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд дар Чин басуръат ва ҷиддан дар ҳоли афзоиш аст;
  • Аммо дар пажӯҳишҳои марбут ба Чин ноҳамоҳангии чашмгире дар заминаи тарҳу интихоби мавзӯъот вуҷуд дорад. Бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин пажӯҳишҳо сирфан ба масоили забоншиносӣ ва адабиёти Чин ихтисос доранд. Бахши умдаи дигар аз осори илмӣ бештар ба масоили ҳамгироӣ ва муделҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ, ки бештар аз сӯи Чин ва Русия тарвиҷ мешавад, бахшида шудаанд;
  • Чин ба пуштибонии молӣ аз пажӯҳишҳои амиқу бетарафона дар бораи сиёсати хориҷӣ ва масоили дохилии иҷтимоъию иқтисодияш алоқаманд нест;
  • ‌Чиншиносӣ риштае ҷадид дар илми сиёсатшиносӣ ва равобити байналмилал дар Тоҷикистон аст ва дар оғозин марҳилаи худ қарор дорад. Аз масоили умдаи ин бахш ҳоло мавҷуд набудани мутахассисони варзида ва шоиста (қабл аз ҳама, ҷавонон) ва камбуди сармоя ва манобеъ аст.

Дар ҳоли ҳозир Чин, бо ормонҳо ва аҳдофи жиюпулитикии ҷиддӣ ва устуворе, ки дорад, басуръат ба яке аз бозигарони умдаи иқтисодӣ дар ҳавзаи кишварҳои пасошӯравӣ табдил мешавад. Ин аҳдофи ҷоҳталабона дар сутӯҳи мухталиф ва ба шеваҳои мухталифе ҳамаи ҳамсоягонашро таҳти таъсир қарор хоҳад дод. Ин нукта бахусус дар мавриди Тоҷикистон бештар сидқ мекунад, чун ҳеч кишвари дигари минтақа дар ин сатҳ ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин надорад. То пеш аз моҳи апрели соли 2016 Чин ба вомдиҳандаи аслии Тоҷикистон табдил шуд, ки саҳмаш аз маҷмӯъи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 48,3 дарсадро ташкил медиҳад — ин шохис имрӯз бамаротиб болотар рафтааст. [1]

Зоҳиран, мебоист дар ин шароит як мактаби қавии чиншиносӣ бо суннатҳои илмии устувор ва донишмандону пажӯҳишгарони варзида, нашри пажӯҳишҳо ва таҳқиқоти зиёд ва фаъъолиятҳои илмии густарда дар Тоҷикистон ба вуҷуд ояд. Аммо воқеъият аз чи қарор аст? Ба таври куллӣ, дар Тоҷикистон пажӯҳишгарон чигуна ва дар чи сатҳе ин ҳамсояи абарқудраташонро, ки дар пешрафти иқтисодии кишварашон нақше калидӣ дорад, мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор медиҳанд?

«Нерӯи нарми» Чин дар Тоҷикистон — аз омӯзишу парвариш то илм

Чин басуръат ба яке аз бозигарони умдаи иқтисодӣ дар ҳавзаи пасошӯравӣ табдил мешавад. Акс аз russian.china.org.cn
 Чин басуръат ба яке аз бозигарони умдаи иқтисодӣ дар ҳавзаи пасошӯравӣ табдил мешавад. Акс аз russian.china.org.cn

Дар даҳсолаи ахир Чин ба тавсеъаи «нерӯи нарми» худ — мафҳуме, ки дар сиёсатшиносии имрӯз эътибори байналмилалии кишвар, ҷаззобият ва шуҳрати он дар арсаҳои фарҳанг, омӯзишу парвариш, илм ва ғайраро бозтоб медиҳад, — таваҷҷуҳи вижае дорад. Мафҳуми «нерӯи нарми Чин» ҳамчунин ба маънои бархурдорӣ аз лоббии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ чи дар сатҳи байналмилал ва чи дар сатҳи дохилии кишварҳои ҷудогона ва таъсиргузорӣ дар қишри фарҳангии ҷомеъа ва ҷавонони фарҳехтаи он кишварҳост, ки тамоюл ба Чин ва забону фарҳанги он доранд. Дар Чин имрӯз бисёре инсофан бар ин боваранд, ки бархурдорӣ аз як нерӯи нарми созмонёфта ва муваффақ аз авомили умдаи тақвияти ҳузураш ва зомини қудрат ва нуфузи ояндаи ин кишвар чи дар сатҳи ҷаҳон ва чи дар минтақаи Осиёи Миёна аст.

Дар авосити солҳои 2000-ум яке аз абзорҳои аслӣ барои эҷоди нерӯи нарми Чин — Муассисаи Конфутсий, таъсис шуд, ки имрӯз беш аз 500 шуъба дар саросари ҷаҳон дорад ва наздики ҳафт милюн нафар дар он омӯзиш мебинанд. Муассисаи Конфутсий як ниҳоди давлатӣ аст ва зери назари Дафтари давлатӣ барои тарвиҷи забони чинӣ фаъъолият мекунад. Ва пойгоҳи аслӣ барои тарвиҷи фарҳангу забони чинӣ дар қаламрави Осиёи Миёна дар шаҳри Урумчӣ, пойтахти устони Шинҷони Чин, воқеъ аст. Муассисаи Конфутсий (ба иловаи омӯзиши фарҳангу забони чинӣ) ҳамчунин ба омӯзиши кодрҳои фаннию муҳандисӣ барои корхонаҳо ва ширкатҳои чинӣ, ки дар хориҷ аз ин кишвар фаъъолият мекунанд, машғул аст.

Дар Тоҷикистон имрӯз ду муассисаи Конфутсий — дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Душанбе ва дар заминаи Донишкадаи фанноварии кӯҳӣ дар шаҳри Бӯстони (Чкаловск) вилояти Суғд, — фаъъолият доранд. Тайи ҳудуди 10 соли фаъъолияташ танҳо аз тариқи Муассисаи Конфутсий дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик омӯзиш дидаанд, ки теъдоде аз онҳо сипас барои идомаи таҳсили худ ба Чин рафтаанд. Дар ҳарду муассиса таваҷҷуҳи аслӣ ба омӯзиши забони чинӣ маътуф мешавад, аммо дар шаҳри Бӯстон (Чкаловск) ин муассиса ҳамчунин мутахассисонеро барои кор дар санъати истихроҷи нафт ва маъодини кӯҳӣ низ тарбият мекунад, ки қарор аст онҳо дар оянда дар ширкатҳо ва корхонаҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, кор кунанд.

Кунсерти идона бо номи шоъиронаи "Чини дилнишин", ки ба Рӯзи Муассисаи Конфутсий бахшида шудааст. Акс аз news.tj
Консерти идона бо номи шоъиронаи «Чини дилнишин», ки ба Рӯзи Муассисаи Конфутсий бахшида шудааст. Акс аз news.tj

Ҷиҳати дигари муҳимми фаъолияти ин муассиса тарбият ва омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар муассисоти омӯзиши олии Чин аст. Дар ин замина ҳам пешрафтҳои чашмрасе мушоҳида мешавад — агар дар соли 2010 ҳукумати Чин танҳо 20 бурсияи таҳсилӣ барои омӯзиши ройгон дар Чин ихтисос дода бошад, дар соли 2013 теъдоди 122 нафар ва ду сол баъд 289 донишҷӯи тоҷик бо бурсияҳои таҳсилии давлати Чин дар онҷо ба таҳсил пардохтаанд.[2] Дар маҷмӯъ, дар донишгоҳҳои Чин ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки теъдоде аз онон ба ватан баргашта, бақия ба таҳсили худ дар хориҷ, чи дар Чин ва чи дар кишварҳои дигар, идома медиҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки бештарин теъдоди донишҷӯёни тоҷик ба Чин қабл аз ҳама барои омӯзиши забон ва тахассусҳои фаннӣ, ки ширкатҳои чинӣ ба онҳо ниёз доранд, сафар мекунанд. Танҳо ҳудуди 10 дарсади бурсияҳои таҳсилӣ ба давраи коршиносии аршад (магистратура), яъне барои анҷоми корҳои илмӣ, ихтисос меёбад. Ба ин тартиб, бахши аъзами тоҷиконе, ки давраи коршиносии аршадро пушти сар мекунанд, дар оянда мутахассисони забоншиносӣ, забону адабиёти чинӣ ва улуми фаннӣ (техникӣ) мешаванд. Бахши андаке ҳам ба таҳқиқу пажӯҳиш дар риштаҳои улуми иҷтимоъӣ ва сиёсӣ мепардозанд ва ғолибан масоиле чун ҳамгироии байналмилалӣ ва тасвеъаи ҳамкориҳо бо Чинро мутолеъа ва баррасӣ мекунанд.

Ҷиҳати умдаи дигари «нерӯи нарми» Чин аз фаъъолияти марокизи таҳқиқотӣ ва пажӯҳишгоҳҳое иборат аст, ки ба таҳқиқу пажӯҳиш дар ҳавзаи кишварҳои пасошӯравӣ, масоили марбут ба сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишварҳои ҳамсуд, аз ҷумла Тоҷикистон, машғуланд. Аз ҷумлаи ин марокиз машҳуртаринашон Донишгоҳи забонҳои хориҷии Шонгҳой, Пажӯҳишгоҳи Русия, Урупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Фарҳангистони пажӯҳишҳои байналмилалии Шонгҳой, Маркази мутолеъоти Осиёи Марказӣ, як ниҳоди вобаста ба Шӯрои амнияти Чин, Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Пажӯҳишгоҳи Роҳи Абрешим, вобаста ба Донишгоҳи Шимол-Шарқи Чин, ба шумор меоянд. [3]

[pullquote] «Дар ҳоле ки дар Ғарб ва Русия сармоягузорӣ дар пажӯҳишҳои марбут ба Осиёи Миёна тайи як даҳаи ахир ҳамвора рӯ ба коҳиш будааст, дар Чин мо тасвири хилофи ин фарояндро мушоҳида мекунем.»[/pullquote]

 Ҳадафи аслии марказҳои таҳлилии Чин таъмини таҳлили бокайфият барои ниҳодҳои давлатии Чин ва мусоъидат ба таҳияи истротежӣ ва роҳнамудҳои сиёсати хориҷии Чин мебошад. Ҳадафи дигар ҳам, ки аҳаммияти камтаре аз ин надорад, тавсеъаи ҳамкорӣ бо донишмандон ва муассисоти таҳлилии кишварҳои хориҷӣ, ва ба ин тартиб, эҷоди тасвири мусбати Чин дар муҳити илмӣ ва коршиносии он кишварҳост. Тайи чанд соли ахир шумори пажӯҳишгоҳҳо барои омӯзиши масоили Осиёи Миёна ва Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд дар Чин басуръат дар ҳоли афзоиш аст. Шумори умумии семинорҳо ва ҳамоишҳои илмии солиёнаи Чин дар бораи масоили Осиёи Миёна нисбат ба тадобири мушобеҳ дар Русия ва ё Омрико бамаротиб бештар аст. Ба иборати дигар, дар ҳоле ки дар Ғарб ва Русия сармоягузорӣ дар пажӯҳишҳои Осиёи Миёна дар як даҳсолаи ахир пайваста рӯ ба коҳиш будааст, дар Чин мо тасвири хилофи ин фарояндро мушоҳида мекунем.

 Дар Тоҷикистон шарикони аслии «утоқҳои фикри» чинӣ идораҳо ва муассисоти давлатие мебошанд, ки дар онҳо имрӯз тақрибан ҳамаи коршиносону мутахассисони чиншиноси тоҷик кор мекунанд ва ба шеваҳои мухталифе ба таҳқиқи масоили Чин ва ё ҳамкориҳои байналмилалӣ машғӯланд. Аз ҷумла, Маркази таҳқиқоти роҳбурдии (истротежики) вобаста ба Дафтари риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, муасссиоти вобаста ба Фарҳангистони улум ва чанде аз донишгоҳҳо — қабл аз ҳама, Донишгоҳи исловии Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ба таври мутавассит, дар Чин ҳар сол на камтар аз 10 семинор ва кунферонси байналмилалӣ дар бораи кишварҳои пасошӯравӣ баргузор мешавад, ки ба онҳо ҳамеша намояндагони муассисот ва марокизи расмии таҳлилии Тоҷикистон ҳам даъват мешаванд. Маъмулан, дар дастури кори ин ҳамоишҳои байналмилалӣ масоиле қарор дорад, ки беш аз ҳама ҳукумати Чин ба баррасии онҳо алоқаманд аст, аз ҷумла бунёдгароии исломӣ, амнияти минтақа, ҳамгироӣ ва муделҳои аслии ҳамгироӣ, монанди Созмони Ҳамкории Шонгҳой, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Итиҳодияи Гумрукӣ ва ғайра. Коршиносони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҳамчунин дар нашру интишори маҷмӯъаҳои мақолот ва китобҳои гуногуни илмӣ, ки ҳазинаи чопи онҳоро давлати Чин дар ин ё он сатҳ мепардозад, мушорикат меварзанд. Ҳамчунин, байни ду кишвар мубодилаи илмӣ сурат мегирад, ҳарчанд сатҳи он нисбат ба табодулоти илмӣ бо Русия ва кишварҳои дигари ҳамсуд пойинтар аст.

 Чиншиносӣ дар Тоҷикистон — ҷанбаҳои мусбат ва манфии он

 Агар ба вазъияти ҳавзаи чиншиносӣ дар Тоҷикистон бо диққат нигоҳ кунем, метавон вижагиҳои калидии онро ба шарҳи зер ташхис дод:

[pullquote] «Шумори пажӯҳишҳо ва осори илмии нашршуда дар бораи Чин дар Тоҷикистон бағоят ночиз ва нокофӣ аст.»[/pullquote]

Нахуст, бояд ёдовар шуд, ки чиншиносӣ дар Тоҷикистон як риштаи илмии ҷадид аст ва дар марҳилаи ибтидоии пешрафти худ қарор дорад. Яке аз мушкилоти аслии ин ришта мавҷуд набудани кодрҳои варзида ва шоиста (қабл аз ҳама ҷавонон) ва камбуди пул ва манобеъи молист. Коршиносоне, ки ба ман муяссар шуд бо онҳо суҳбат кунам, ҳамчунин ба мавҷуд набудани тадорукоти давлатӣ (госзаказ) барои пешбурди ҳавзаи чиншиносӣ ва анҷоми таҳқиқоти амиқтару фарогиртар дар ин замина ишора карданд. Дар маҷмӯъ, шумори кутуб ва пажӯҳишҳои нашршуда дар бораи Чин бисёр ночиз ва нокофӣ боқӣ мондааст, бавижа дар ҳоле ки Чин дар сарнивишти кишварҳои Осиёи Миёна ва Тоҷикистон нақши физояндае дорад. Дар маҷмӯъ, дар Осиёи Миёна вазъияти мубҳам, вале қобили дарке вуҷуд дорад — ҳарчи вобастагии иқтисодӣ ба Чин бештар мешавад, ҳамон андоза нашри мақолоти илмӣ дар бораи ҳузури Чин дар минтақа дар нашрияҳои илмӣ ва матбӯъоти маҳаллӣ камтар мешавад.

Дувум, дар заминаи пӯшиши мавзӯъии пажӯҳишҳои марбут ба Чин ҳам адами таъодул ё ноҳамсангии чашмгире вуҷуд дорад. Бахши аъзами пажӯҳишҳое, ки дар дастраси умум қарор доранд, сирфан ба масоили забоншиносӣ ва фарҳангу адабиёти Чин муртабитанд. Бахши умдаи дигар ба масоили ҳамгироӣ ва муделҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ, ки Русияву Чин тарвиҷ мекунанд, ихтисос доранд. Бахши ночизе аз осори илмию пажӯҳишӣ (куллан, мутаъаллиқ ба иқтисоддонҳои чиншинос) низ ба масоили иқтисодӣ ва сиёсати дохилии Чин рабт доранд.

Пеш аз ҳама, манофеъи худи Чин, сармоягузори аслии чиншиносӣ дар Тоҷикистон, эҷоб мекунад, ки чунин ноҳамоҳангии мавзӯъӣ дар ин ришта вуҷуд дошта бошад. Чун дар кишварҳои дигари минтақа, дар Тоҷикистон ҳам, Чин манобеъи молӣ ва бурсияҳоро ғолибан барои тарбияти мутарҷимони маҳаллӣ ва мутахассисони фаннӣ ҳазина мекунад, то аз ин роҳ ниёзҳои ширкатҳои чинӣ ва сохторҳои дигари иқтисодӣ дар минтақаро бароварда созад. Утоқҳои фикри Чин омодаанд аз сиёсатшиносону иқтисоддонҳои маҳаллӣ барои омӯзиши жарфтари минтақа ва давлатҳое, ки Чин дар онҳо сармоя мегузорад, баҳра ҷӯянд. Аммо Ҷумҳурии Халқи Чин ба сармоягузорӣ дар улуми иҷтимоъӣ тамоюле надорад, чун мақомоти чинӣ маъмулан аз интиқод бадашон меояд. Ба ҳамин далел, дар худи Чин ҳам пешрафти улуми сиёсӣ ҳамеша бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ будааст. Чин ба сармоягузорӣ дар пажӯҳишҳои жарфу бетарафона дар бораи масоили иҷтимоъию иқтисодӣ ва сиёсати дохилияш ҳам кӯчактарин алоқае нишон намедиҳад. Дарвоқеъ, инҷо маҷмӯъе аз ихтилофи назарҳо ва масоили ҷиддию печидае ҳаст, ки таваҷҷуҳ ба онҳо метавонад ба талошҳои мақомоти чинӣ барои боло бурдани эътибори байналмилалии кишварашон латма занад. Ба унвони намуна, аз масоиле, ки баррасияш барои чиниҳо хушоянд нест, метавон ба равишҳои ҳаллу фасли қазияи ақаллияти мусалмон дар Чин ишора кард: имрӯз ҳудуди як милюн нафар аз ҷамъияти беш аз даҳмилюнии ақаллияти уйғур (ки қисман қазоқу қирғизро ҳам дар бар мегирад) дар марказҳои баистилоҳ «бозпарварии сиёсӣ» —  ё ба иборати дигар, дар урдугоҳҳои кори иҷборӣ, —  нигаҳдорӣ мешаванд.

Севум, бояд таваҷҷуҳ кард, ки дар ҷиҳату моҳияти тарҳҳои пажӯҳишӣ ва нашриёти илмии марбут ба Чин ҳам ноҳамсангӣ ё адами таъодул вуҷуд дорад. Бахши бузурге аз ин пажӯҳишҳо (лоақал ҳамонҳое, ки дар дасрасии озод қарор доранд) сирфан ба омӯзиши ҷанбаҳои мусбати ҳамкорӣ бо Чин тамаркуз мекунанд. Маъмулан дар ин пажӯҳишҳо ба натоиҷи мусбати ҳамкориҳои Чин бо Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳҳои муштараки ҳамгироиву иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терурисм таъкид мешавад ва аз ин роҳ талошҳое барои тавҷеҳи тавофуқоти байнидавлатӣ сурат мегирад. Ҳатто дар осори илмӣ ҳамкории Чину Тоҷикистон мунҳасиран ба лаҳни пуртумтароқ ё ба сабки сармақолаҳои нашриёти шӯравӣ — бо корбурди густардаи таъбирҳое чун «ёрии беғаразона», «шарики баробарҳуқуқ», «анъанаҳои хуби ҳусни ҳамҷаворӣ» ва ғайра тавсиф мешавад. Дар айни ҳол, ҳама гуна талош барои баррасии каму беш интиқодии паҳлуҳои гуногуни тавсеъаталабии Чин дар Тоҷикистон дар ҳамон рӯҳияи замони Шӯравӣ як навъ «дасисаи душманони хориҷӣ» ё «рақибони жиюпулитики» Чин арзёбӣ мешавад.

Мавҷуд набудани таҳлили интиқодӣ имрӯз танҳо мушкили риштаи чиншиносӣ дар Тоҷикистон нест, балки шомили ҳоли ҳамаи пажӯҳишҳои сиёсӣ мешавад. Ғолибан ба ин далел, ки мактаби таҳлилӣ дар Тоҷикистон (ва куллан дар минтақа) ҳануз шакл нагирифтааст. Мафҳуми мактаби таҳлилии ҷадид падидае чандсохторӣ аст ва ба вуҷуди дастикам чаҳор рукни аслӣ — таҳлили идорӣ (расмӣ), коршиносони ғайридавлатӣ, таҳлили озоди матбуъотӣ, ва албатта, бозори фаровардаҳои таҳлилӣ —ниёзманд аст. Ҳамаи ин аносир бояд дар канори ҳам вуҷуд дошта бошанд ва ҳамдигарро такмил кунанд. Таҳлили идорӣ (яъне таҳлилгароне, ки дар ниҳодҳои давлатӣ кор мекунанд) аз имкони беҳтари дастрасӣ ба иттилоъот ва додаҳо бархурдор аст, аммо аз назари мавзӯъӣ ва озодии баён маҳдуд аст, ба ин далел ағлаб ночор аст ҳарферо бигӯяд, ки аз боло аз ӯ таваққуъ доранд бигӯяд. Таҳлили ғайридавлатӣ (таҳлилгароне, ки дар созмонҳои ғайридавлатӣ кор мекунанд) баръакс ҳамеша аз надоштани дастрасӣ ба иттилоъ ранҷ мебарад, вале аз имкони густардаи ибрози назар ва баёни афкораш бархурдор аст. Таҳлил дар расона ё матбуъот бештар барои бозтоби афкори умумӣ пешбинӣ шудааст, ва ҳам коршиносони расмӣ ва ҳам мустақилро ба ҳамкорӣ ҷалб мекунад. Бозори фаровардаҳои таҳлилӣ пойдорию суботи молӣ ва созмонии тамомии системро таъмин месозад ва ба сарфаҷӯии махориҷи давлатӣ кумак мекунад. Дар ҳолати идеол, давлат бо таваҷҷуҳ ба ин ки фаровардаҳои таҳлилгарони давлатӣ, коршиносони мустақил ва рӯзноманигории таҳлилиро дар ихтиёр дорад, метавонад бо такя ба манофеъи миллӣ аз миёни гузинаҳои бисёр ҳамон рӯйкардҳоеро интихоб кунад, ки беш аз ҳама судманд ва мутаъодил бошанд.

[quote]»Шӯрбахтона, имрӯз дар Тоҷикистон фақат яке аз ин аносир — шабакаи таҳлилгарони давлатӣ — тавсеъа меёбад, ки худаш низ аз камбуди сармоягузорӣ ва набуди ҷавонони мутахассис ранҷ мебарад. Ба ин тартиб, шакл нагирифтани мактаби миллии таҳлил дар чигунагии пешрафт, чи дар ҳавзаи чиншиносӣ ва чи дар заминаи улуми сиёсӣ дар кишвар, таъсири манфӣ мегузорад.» [/quote]

Дурнамои пажӯҳишҳо дар чиншиносии тоҷик

[pullquote]»Чин ба унвони як иқтисоди содиротӣ ба эҷоди саноеъи рақобатпазир дар кишварҳои ҳамсоя алоқаманд нест»[/pullquote]

 Чин як созмони хайрия ё башардӯстона нест, ки пешрафти Тоҷикистонро (лоақал дар рӯи коғаз) ҳадафи худ қарор дода бошад. Истилоҳоте чун «мусоъидат ба пешрафт«, «кумак ба тавсеъа«, «тавсеъаи зарфияти дохилӣ (зарфиятсозӣ)«-ро фақат кишварҳо ва созмонҳои кумаккунандаи ғарбӣ ба кор мебаранд. Ин дар ҳолест, ки Чин маъмулан тарҷеҳ медиҳад аз «ҳамкорӣ ва шарикии баробар» суҳбат кунад.[4] Ба ин тартиб, Чин ин нуктаро пинҳон намедорад, ки ҳадафи аслии ҳамкориҳо ва шарокаташ бо Тоҷикистон таъмини тавсеъаи миллии худаш аст. Дар ин замина, аз ҷумла метавон ба иҷрои роҳбурди (истротежии) go out (берун бирав, хориҷ шав) ишора кард, ки ҳадафаш дастёбӣ ба захоири маъданӣ дар кишварҳои дигар, содир кардани нерӯи кории изофияш ба он кишварҳо ва эҷоди бозор барои тавлидоти санъатии худаш дар он кишварҳост. Ба унвони як иқтисоди содиротӣ, Чин ба эҷоди саноеъи рақобатпазир дар кишварҳои ҳамсояаш алоқае надорад, ва аз ин рӯ шарти аслӣ барои гирифтани вом ё қарз аз Чин ҷалби ширкатҳои чинӣ ба унвони паймонкор, таҷҳизоти чинӣ, мутахасисон ва нерӯи кори чинӣ ба тарҳҳои мавриди назар аст. Табиъист, ки дар чунин шароите дониш ва фанноварӣ мунтақил намешавад ва захоири кории маҳаллӣ дар ин кишварҳо ағлаб нокоромад боқӣ мемонанд ва ё ҳеч гуна баҳрабардорӣ аз онҳо сурат намегирад. Бино бар ин, Чин барои ҳифзи амнияти сармояаш дар кишварҳои ҳамсоя нақшае таҳия кардааст, ки тибқи он вомҳо ва эътибороти молиро фақат дар ивази сарватҳои табиъӣ ва захоири маъданӣ ва дороиҳои дигар (аз ҷумла замин ва амвол) дар ихтиёри кишварҳои вомгираанда мегузорад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин додаҳо, дастандаркорони улуми сиёсӣ ва риштаи чиншиносии Тоҷикистон бо маҷмӯъе аз вазифаҳо ва пурсишҳои калидии пажӯҳишӣ рӯбарӯ ҳастанд, ки барои ояндаи кишвар аҳаммияти ҳаётӣ доранд:

Нахуст, яке аз пурсишҳои аслӣ ин аст ки то чи андоза роҳбурди дарозмуддати Чин, ки зикраш дар боло рафт, бо роҳбурди (истротежии) миллии тавсеъаи Тоҷикистон, бавижа бо аҳдофе чун пешрафти санъатии кишвар, эҷоди машоғил ва бозгашти тадриҷии муҳоҷирон ба ватан созгор аст? Имрӯз посух ба ин пурсиш ба эҳтимоли зиёд манфӣ аст, то мусбат. Дар натиҷа, мо бо шароити мутазодде рӯбарӯ ҳастем — дар ҳоле ки кишоварзони тоҷик тӯда-тӯда барои кор ба Русия мераванд, захоири кории анбуҳе аз Чин ба Тоҷикистон сарозер мешавад. Аз ин ҷо пурсиши муҳимми дигаре матраҳ мешавад, ки давлати Тоҷикистон чигуна метавонад дар баробари густариши саноеъ ва тавлидоти чинӣ аз тавлидкунандагон, тоҷирони хурду мутавассит ва кишоварзони тоҷик ҳимоят кунад?

[pullquote] «Дар ин авохир коршиносони чинӣ ба сароҳати бештар мегӯянд, ки кишварашон ҳақ дорад аз сармояҳо ва манофеъи иқтисодии худ дар кишварҳои дигар бо истифода аз ҳар василаи мумкин ва дастрас дифоъ кунад.»[/pullquote]

Дар инҷо маҷмӯъе аз масоил ва пурсишҳое ба миён меояд, ки рабти мустақиме ба амнияти миллӣ дорад, мисли ин ки «марзи амният» барои Тоҷикистон дар куҷо хатм мешавад, ки фаротар аз он дарёфти вом аз Чин вобастагиии иқтисодии феълии моро баргаштнопазир хоҳад кард? Куҷост он хатти фосиле, ки фаротар аз он султа ва нуфузи иқтисодии Чин бар Тоҷикистон ба як мушкили сиёсӣ табдил хоҳад шуд? Барои касе пинҳон нест, ки Чин одат надорад дар умури дохилии кишварҳои шарикаш мудохила кунад, бо онҳо муъомилаи сиёсӣ ҳам намекунад ё барои додани вом шартҳои сиёсӣ пеш намегузорад. Аммо замонате вуҷуд надорад, ки ин сиёсат иваз нашавад, зеро дар ин авохир коршиносони чинӣ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ беш аз пеш таъкид мекунанд, ки кишварашон ҳақ дорад аз сармояҳо ва манофеъи иқтисодии худ дар кишварҳои дигар бо истифода аз ҳар василаи мумкин ва дастрас дифоъ кунад. Ва ин рӯйкарде комилан мантиқӣ ва аз назари манофеъи миллии Чин тавҷеҳпазир аст — дар маҷмӯъ, аз таҷрубаи байналмилалӣ чунин бармеояд, ки вобастагии иқтисодӣ дер ё зуд ба вобастагии сиёсӣ табдил мешавад.

[pullquote]»Чин одат надорад дар умури дохилии кишварҳои шарикаш мудохила кунад ва барои додани вом бо онҳо муъомилаи сиёсӣ намекунад.»[/pullquote]

Дувум, пурсишҳое низ вуҷуд дорад, ки ба пешбиниҳои дарозмуддат, таҳияи сенориюҳо ва гузинаҳои мумкин барои тавсеъаи ояндаи равобити Тоҷикистону Чин ва иҷрои тавофуқот ва қарордодҳои дуҷонибаи иқтисодӣ рабт мегирад. Бархе аз ин пурсишҳо моҳияти корбурдӣ доранд, аз ҷумла дар мавриди шароити бозпардохти вомҳои дарёфтшуда аз Чин дар оянда. Маълум аст, ки Чин вомҳои худро таҷдиди сохтор намекунад, қарзҳояшро намебахшад, тарҷеҳ медиҳад дар сурати пардохт нашудан дороиҳо ва амволи вомгирандаро тасарруф кунад. Дар шуморе аз кишварҳо, ки тавоноии пардохти қарзи Чинро надоштанд, ҳукуматҳояшон маҷбур шуданд сарватҳои миллии худро комилан ба Чин вогузор кунанд. Барои намуна, дар СриЛонко бо воми дарозмуддати Чин як бандари дарёӣ сохта шуда буд, ки баъдан комилан ба тасарруфи Чин даромад, зеро давлати СриЛонко тавони пардохти қарзи Чинро надошт. Имрӯз кишварҳои вомгиранда аз Чин майдонҳои истихроҷи маъдани худро барои муддатҳои тӯлонӣ ба ширкатҳои чинӣ медиҳанд, бо ин умед, ки пас аз анҷоми муҳлат ин майдонҳо таҳти истилоҳи «бо ризояти мутақобил» ба соҳибонашон баргардонда мешаванд. Аммо пурсиш ин аст, ки агар чунин «ризояти мутақобил» ҳосил нашавад, аз дасти кишвари вомгирифта чи бармеояд?

[pullquote]»Дар кишварҳои ҷаҳони севум ширкатҳои чинӣ маъмулан тарҷеҳ медиҳанд бо қавоъиди куҳна кор кунанд, бе он ки меъёрҳои муҳити зистро риъоят кунанд.» [/pullquote]

Шумори дигаре аз пурсишҳо, ки дар Тоҷикистон, ва куллан дар минтақа, ба онҳо расидагӣ намешавад, ба масъалаи амнияти муҳити зист рабт доранд. Дар фароянди инқилоби санъатӣ ва мудернизаи чанд даҳаи ахир дар Чин ҳолати асафборе дар арсаи муҳити зист ба вуҷуд омадааст. Қабл аз ҳама, ба далели фаъолияти беназорати корхонаҳои санъатӣ — худдории онҳо аз насби таҷҳизоти полоишӣ ва нодида гирифтани меъёрҳои амнияти зистмуҳитӣ. Ҳукумати Чин тоза дар солҳои ахир ба анҷоми тадобири сахтгирона алайҳи харобкорони муҳити зист иқдом кардааст. Бо ин ҳол, дар кишварҳои ҷаҳони севум ширкатҳои чинӣ маъмулан тарҷеҳ медиҳанд бо қавоъиди куҳна кор кунанд, бе он ки меъёрҳои муҳити зистро риъоят кунанд. Дар натиҷа, мушкили назорат бар вазъи муҳити зист ҷиддитар шудааст — ҳарчанд ин мушкил рабти мустақиме ба сисёсатшиносӣ надорад, вале ба ҳамон андоза дорои аҳаммияти вижа аст.

«Тоҷикистон ва Чин: шарики стратегӣ ё алтернативӣ?»

Албатта, посухи мушаххасе пайдо кардан ба ҳамаи ин пурсишҳо ва чолишҳо имрӯз душвор аст. Ин амр ба анҷоми пажӯҳишҳои фарогиру муназзам ва дарозмуддат бо ҷалби мутахассисон ва коршиносони риштаҳои мухталиф ниёзманд аст. Дар ин росто, тадорукоти давлатӣ (госзаказ) бисёр муҳим аст — яъне сохторҳои давлатӣ бояд ҷиддияти масъаларо дарк кунанд ва сиёсати ҷадиде дар пеш бигиранд. Ин сиёсат бояд дарбардорандаи маҷмӯъе аз тадобир бошад — барои рушди ҳавзаи чиншиносии тоҷик, эҷоди як мактаби таҳлилии ҷадид, афзоиши маблағгузории ҳукумат барои марокизи таҳлилӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳои давлатӣ аз як сӯ, ва пуштибонӣ аз гурӯҳҳо ва созмонҳои ғайридавлатии таҳлилию коршиносӣ, аз сӯи дигар.

Дар айни ҳол, аслан муҳим нест, ки мунтақидони тавсеъаталабии иқтисодии Чин ҳақбаҷонибанд ё мудофеъони он — ин мавзӯъ худ ба худ барои сарнавишти ояндаи Тоҷикистон, амнияти миллӣ, истиқлол ва ҳифзи давлатдории миллияш ва таъмини оромишу суботи сиёсии ин кишвар ба андозае муҳим аст, ки набояд бидуни баррасии дақиқу мӯшикофона аз он чашм пӯшид.

 [1] Константин Бондаренко: Қарзи хориҷии Тоҷикистон: таҳдидҳои рӯзафзун дар баробари суботи шикананда, Ожонси Cabar, 2016

[2] «Нерӯи нарми» Чин дар Осиёи Миёна, https://camonitor.kz/20740-myagkaya-sila-kitaya-v-centralnoy-azii.html

[3] Руслан Изимов, «Утоқҳои фикри» Чин ва Осиёи Миёна: арзёбии тоза», САА, http://caa-network.org/archives/5940

[4] Наргис Касенова, Эҳдокунандаи нави байналмилалӣ: кумаки Чин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон, Маркази мутолеъоти Русия ва кишварҳои ҳамсуд,  Порис, январи 2006


Ин мақола дар чорчӯби лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» ва бо ҳимояти молии Вазорати хориҷаи Норвегия таҳия шудааст. Назарҳои дар мақола овардашуда баёнгари мавқеъи расона ва ё сарпараст нестанд.

“Ўзбек жамияти ўз ривожланишининг “янгиланиш ёки йўқ бўлиб кетиш” тарихий босқичи олдида турибди. Ушбу босқич Ўзбекистоннинг ҳозирги ривожланиш модели ва асосий ғоявий қадриятларига сезиларли ўзгаришлар киритилишини талаб этади. Ўзбек жамиятининг ушбу ҳал қилувчи эволюция даврида ислом дини аниқловчи сифатида ижобий ёки салбий роль ўйнаши мумкин”, — сиёсатшунос Сардор Салим махсус cabar.asia учун ёзилган мақоласида ушбу фикрни илгари суради.

Русский English 

(далее…)

«Буга чейин Сооронбай Жээнбеков бир эмес, бир нече президенттердин мен менсинип манчыркаган жана бийлигинен ажырап оор абалга дуушар болгон учурларына жакындан өзү күбө болуп, өз көзү менен көргөн саясатчы. Өлкө президенти кызматына келүү менен эң жогорку бийлик бул бир жагынан теңдешсиз сыймык, ошол эле мезгилде ат көтөрө алгыс жоопкерчилик экендигин өз башынан өткөрүп жаткан кези. Албетте, жогорку бийликти кармап калуу үчүн нечендеген карма-каршылыктуу  диллемалардан өтүүгө мажбур болуп, президенттик мөөнөтүнүн биринчи жылында эле бир нече оор сыноолорго дуушар болду. Алардын айрымдары артта калса да айрымдарынан өтүүгө мажбур болууда», — дейт cabar.asia үчүн жазган макаласында эксперт Эльмира Ногойбаева.

Русский English

(далее…)

«Ўтган икки йил мобайнида Ўзбекистоннинг сиёсий элитасининг ташқи кўриниши ўзгарди. Элита аввалгидан очиқроқ, аҳоли билан янги алоқалар ўрнатишга тайёр, халқаро ҳамжамият билан мулоқот қилишдан қўрқишни тўхтатиб, ҳатто янги форматдаги вакилларни ҳам қабул қилди. Шу билан бирга, режалаштирилган ислоҳотларни сифатли амалга ошириш учун сиёсий элита эски бошқарув усуллардан воз кечиб, фуқаролик жамияти билан самарали мулоқот ўрнатиши керак», — деб ҳисоблайди эксперт Юрий Саруханян ўзининг cabar.asia учун махсус тайёрланган мақоласида.

Русский English
(далее…)