© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Исломи "суннатӣ" ё "маҳаллӣ" яъне чӣ? Таҷрибаи пиёдасозии он дар ҷомеъаи Тоҷикистон

«Ҳарчанд таърифҳои “суннатӣ” ва “таҳаммулпазир” дар мавриди дин ва ҷараёнҳои мухталифи он чандон дуруст нест, аммо тайи ду даҳаи ахир корбурди ин алфоз дар адабиёти расмии сиёсӣ ва дар расонаҳо ба таври густарда роиҷ шудааст.” Дар мақолае, ки РУСТАМ АЗИЗӢ, коршиноси масоили дин аз Тоҷикистон, барои сойти таҳлилии CABAR.asia нивишта, ба ин нукта таъкид шудааст.

English Русский


Ба канали мо дар  Telegram  ҳамроҳ шавед! 


Хулосаи мақола:

  • Баъд аз касби истиқлол, масоили марбут ба дин дар ҷамоҳири шӯравии собиқ аҳаммияти вижае пайдо кардааст;
  • Густариши мазҳаби ҳанафӣ дар Осиёи Миёна ба даврони Сомониён бармегардад, чун дар замони фармонравоии ин силсила буд, ки ин фирқа мақоми расмӣ гирифт ва пойгоҳаш дар ҷомеъа устувор шуд.
  • Неҳзати ислоҳ ва навпардозӣ дар мактаби фиқҳи ҳанафӣ дар оғози даҳаи 1970, яъне дар авҷи шукуфоии Иттиҳоди Шӯравӣ ва андешаи худонобоварии он, оғоз шуд;
  • Рӯйдодҳои поёни даҳаи 1990 ва оғози солҳои 2000 нишон дод, ки муассисоти динӣ ва рӯҳониёни маҳаллӣ дар Тоҷикистон барои истодагӣ дар баробари чолишҳои тоза ва ҳамчашмӣ бо мавҷи наве аз ҷараёнҳои динӣ омода набуданд;
  • Дар набарди байни ҷараёнҳои мазҳабии “куҳна” ва “нав” давлат дахолат кард ва интихобаш рӯи суннатҳо ва суннатгароён қарор гирифт. Ҳамакнун мазҳаби ҳанафӣ дар Тоҷикистон тақрибан ба як ҷараёни мазҳабии расмӣ табдил шудааст;
  • Кишварҳои ҳамсоя таҷрубаи Тоҷикистон дар ин ҳавзаро мутолеъа мекунанд.

Мавзӯъи робитаи исломи “суннатӣ” ё “маҳаллӣ” бо ҷараёнҳои навгаро ё бунёдгарои ифротӣ дар солҳои ахир таваҷҷуҳи фаровони ҷомеъаро ба худ ҷалб кардааст. Дар айни ҳол. арзёбиҳо ва натиҷагириҳои чандон саҳеҳе аз ин масоил ба гӯш намерасад.

Мурод аз исломи “суннатӣ” ё “маҳаллӣ” чист? Корбурди таърифҳои мушобеҳе дар ин маврид то чи андоза дурусту муносиб аст? Ва он хатти қирмизе, ки исломи “суннатӣ”-ро аз “ғайрисуннатӣ” ё исломи баистилоҳ “маҳаллӣ”-ро аз “нақшаҳои хориҷӣ” ҷудо кунад, куҷост? Кудом яке афсона асту дигаре ҳақиқат?

Тарҳи масъала дар партави фарояндҳои ҷаҳонӣ ва ҷуғросиёсӣ (геополитикӣ)

Равандҳои ҷаҳонӣ шудан ҳамроҳ бо дастовардҳо ва фазилатҳои инкорнопазираш чолишҳо ва таҳдидҳоеро ҳам дар пешорӯи ҷомеъаҳои суннатӣ ва давлатҳои миллӣ мегузорад. Ин чолишҳоро бахусус давлатҳои ҷавоне, ки дар марҳилаи ибтидоии истиқлол ва эҷоди ҳувияти миллии худ ҳастанд, беҳтар ҳис мекунанд. Дин, аз ҷумла ислом, ба ҷузъе аз фарояндҳои ҷаҳонӣ шудан ва паёмадҳои ношӣ аз он табдил шудааст. Нақши омили динӣ аз поёни даҳаи 80-и қарни гузашта батадриҷ барҷастатар шуд. Ин амр ба заъиф шудани низоми шӯравӣ ва назорати он бар дин ва қувват гирифтани ҷараёнҳои марказгурез ва миллигаро дар ҷамоҳири шӯравии осбиқ муртабит аст. Дар ин кишварҳо дилбастагӣ ба аносири ҳувият, монанди забон ва дин, афзоиш ёфт ва ин омил то ҳадде дар нахустин танишҳо ва низоъҳои қавмию мазҳабӣ нақши боризе дошт.

Матни зери акс: Дар даҳаи 1990 мавҷи тозае аз рӯҳоният аз ҷумлаи ҷавонони таҳсилкарда дар кишварҳои хориҷӣ падид омад. Акс аз: ozodi.org
Матни зери акс: Дар даҳаи 1990 мавҷи тозае аз рӯҳоният аз ҷумлаи ҷавонони таҳсилкарда дар кишварҳои хориҷӣ падид омад. Акс аз: ozodi.org

Баъд аз касби истиқлол, масоили марбут ба дин дар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ аҳаммияти бештаре пайдо кард. Давлатҳои навпо ба дунболи мудели ҷадиду муносибе аз робитаи байни дину давлат мегаштанд. Дар ҷамоҳири мусалмони Осиёи Миёна рӯйдодҳо тибқи сенориюҳои гуногун ҷараён дошт. Барои ҷумҳуриҳои туркизабони минтақа мудели Туркия, ки бар низоми дунявӣ, ташкили давлати миллӣ ва ҳамгироии мардумони туркизабон тамаркуз дошт, дар ин ё он сатҳ улгу қарор гирифт. Барои тоҷикон наздиктарин кишварҳо бо муштаракоти забонӣ ва торихию фарҳангӣ Эрону Афғонистон буданд, ки дар номҳои расмияшон “ҷумҳурии исломӣ” таъриф шудаанд. Таъсири ин авомилро метавон дар шиъорҳои исломгароёни тоҷик нишон дод, ки гоҳе ҳатто ба дур аз бофтори маҳаллӣ, аз таъбирҳои роиҷ дар замони инқилоби исломии Эрон тақлид мекарданд.

“Дар майдонҳо шиъорҳое чун “Истиқлол, озодӣ, ҷумҳурии исломӣ!”, “Амрико, Амрико, марг ба найранги ту! Хуни шаҳидони мо, мечакад аз чанги ту”, “Роҳи мо – роҳи Алист, гуму гӯр шав коммунист!” ва ғайра садо медоданд.

Талоши мушаххас кардани ҷойгоҳи дин дар фарояндҳои сиёсию иҷтимоъӣ

Баъд аз имзои созишномаи сулҳ ва мусолиҳаи миллии Тоҷикистон гурӯҳҳои исломгаро ба унвони як бозигари сиёсӣ ба ҳукумат пайвастанд ва бо бозгашти кишвар ба зиндагии орому осуда, зиндагии мазҳабӣ низ дубора оғоз шуд. Дар ин даврон нахустин фориғтутаҳсилони мадориси динии кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргаштанд. ‌Иттифоқан, авалин гумоштаҳои хориҷӣ ва мубаллиғони ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ ҳам дар ин даврон аз мавҷудияти худ хабар доданд. Таҳаввулоти поёни даҳаи 1990 ва оғози солҳои 2000 омода набудани муассисоти динӣ ва рӯҳониёни маҳаллӣ барои истодагӣ дар баробари чолишҳои тоза ва рақобат бо мавҷи наве аз ҷараёнҳои диниро бармало сохт, аммо бетарафии мақомот дар ин замина мӯҷиб шуд, ки шахсиятҳои муътабари мазҳабӣ ба ҳошия ронда шаванд.

Танҳо аз оғози солҳои 2000-ум ба баъд аст, ки дар адабиёти сиёсӣ фарохонҳое барои пуштибонӣ аз исломи “маҳаллӣ”, “суннатӣ” ва ё “таҳаммулпазир” ба мушоҳида мерасад.
Ҳарчанд таърифҳои “суннатӣ” ва “таҳаммулпазир” дар мавриди дин ва ҷараёнҳои гуногуни он чандон саҳеҳ нест, аммо тайи ду даҳаи ахир корбурди ин вожаҳо дар адабиёти расмии сиёсӣ ва дар расонаҳо ба таври барҷаста мутадовил шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ибҳомоте, ки дар таърифи мафоҳими “суннатӣ” ва “ғайрисуннатӣ” дар бофтори ҷомеъаи исломӣ вуҷуд дорад, ва аз бас дар ислом ниҳоди расмии мутамаркизе чун калисо мавҷуд нест, ки таърифҳои машрӯъе аз “дуруст” ва “ғалат” бидиҳад, бо мулоҳизоти вижа таъкид мекунем, ки муроди мо аз “суннатӣ” дар идомаи ин матлаб “улгӯи хоссе аз таҷрубаи торихии дин аст, ки дар қаламраве мушаххас шакл гирифтааст.”

“Суннатӣ” ва “маҳаллӣ” барои Тоҷикистон чи маъно дорад?

Дар бофтори Тоҷикистон метавон аз ҷараёнҳои торихан бонуфуз ва таъсиргузори ҳанафӣ ва исмоъилӣ сухан гуфт. Мазҳаби исмоъилия, сарфи назар аз шумори андаки пайравонаш дар даврони муъосир, дар ҳаёти фарҳангию мазҳабии тоҷикон ва дар мероси илмию адабии онҳо таъсири қобили таваҷҷуҳе доштааст. Мо наметавонем бо истидлолоҳои бархе муаллифон дар мавриди “суннатӣ” будани тасаввуф ҳамнаво бошем, зеро тариқатҳои сӯфия ҳамеша аз маҳфилҳо ва ҷамоъатҳое нимамахфӣ (гоҳ ошкору гоҳ ниҳон) иборат буданд, ки гоҳ иддиъои навъе каромат ва бузургворӣ доштанд. Бино бар ин, мо наметавонем аз мардумӣ ва тӯдаписанд будани суннатҳо ва ҷараёнҳои сӯфия сухан ба миён оварем. Вале бояд таъсири инкорнопазири бархе аносири ирфону тасаввуф дар адабиёт ва фарҳангу суннатҳои мардумиро дар мадди назар дошт.

Мусаллам аст, ки мактаби фиқҳи ҳанафӣ аз мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоъат аст ва бахши аъзаме аз мардуми Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсуд аз он пайравӣ мекунанд. Номи Имом Абӯҳанифа, ҳам барои мусалмонони пайрави мазоҳиби мухталиф ва ҳам барои касоне, ки ба таври тахассусӣ дар бораи ислом пажӯҳиш мекунанд ё фақат ба он алоқа доранд, ошност. Ва ин аҷиб нест: пайравони мактаби фиқҳи ҳанафӣ дар миёни ҷараёнҳои дигари фиқҳию мазҳабии исломӣ дар ҷаҳон аксарияти мутлақро ташкил медиҳанд.

Ҷуғрофиёи тахминии густариши фирқаҳои исломӣ. Акс: info-islam.ru
Ҷуғрофиёи тахминии густариши фирқаҳои исломӣ. Акс: info-islam.ru

Ингуна мавқеъияти устувори мазҳаби ҳанафиро бо чанд далел метавон шарҳ дод. Аз лиҳози торихӣ, аксари шогирдону пайравони Имом Абуҳанифа аз минтақаи Осиёи Миёна бархоста буданд. Аммо ин бад-он маъно нест, ки мазҳаби ҳанафӣ ё ба истилоҳ мазҳаби “аҳли раъй” (тарафдорони қазоват ё ақлгароён) аз ҳамон оғоз билофосила дар ин минтақа густариш ёфта бошад. Дуруст то поёни қарни нуздаҳум ҷойгоҳи мактаби “аҳли ҳадис” (пайравони суннат ё суннатгароён) дар Мовароуннаҳру Хуросон бисёр қавӣ буд, ки номҳои шахсиятҳои барҷастае дар ҷаҳони ислом, монанди Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Доримии Самарқандӣ, Дорулқутнии Самарқандӣ ва дигарон ба он муртабит аст. Ҳамчунин, дар Мовароуннаҳр пайравони шофеъия (яке аз макотиби фиқҳи аҳли суннат ва ҷамоъат), шиъиёни исноъашарӣ (фирқаи ғолиб дар миёни мусалмонони шиъа), исмоъилиҳо (маҷмӯъе аз ҷараёнҳои мазҳабӣ дар мазҳаби аҳли ташайюъ) ва қарматиён (аз ҷараёнҳои ғулоти шиъа, ки ба равишҳои хушунатомези тарвиҷи ақоиди худ тамаркуз дорад) дар ин минтақа дар гузашта фаъол буданд.

Устувор шудани ҷойгоҳи мазҳаби ҳанафӣ дар минтақа ба дудмони Сомониён рабт дорад, ки дар замони фармонравоии онҳо ин мазҳаб мақоми расмӣ гирифт ва ҳамаи қозиҳо аз ҷумлаи пайравони ин мазҳаб гумошта мешуданд. Исломшинос аз Русия, С. М. Прозоров, дуруст зикр мекунад, ки дар ислом меъёрҳои дақиқе барои ташхиси “муъмин” аз “мулҳид” вуҷуд надорад ва ҷараёнҳои ҳақ ё ботилро ғолибан фармонравоён таъйин мекарданд.[1]См. Прозоров С. М. «Ортодоксальное» и «еретическое» в раннем исламе. Введение в Шахристани Мухаммад ибн … Дар ҳар сурат, ҳанӯз дар қарни X мазҳаби ҳанафӣ ба як мазҳаби ғолиб ва навъе “расмӣ” дар минтақа табдил шуд ва уламои Мовароуннаҳр аз пешкисватон ва “шореъони” дин ба шумор мерафтанд. Ин вазъ камокон то авосити қарни XIII ҳифз шуд. Дар тамоми ин муддат мазҳаби ҳанафӣ побапои замон пеш мерафт – мероси фиқҳӣ, сиёсию иҷтимоъӣ ва фарҳангии азиме эҷод шуд, ки ҷавобгӯи ниёзҳои замон буд; мубаллиғони ҳанафӣ исломро дар миёни қабоили кӯчии турк интишор доданд, ва дар ислом овардани мардумони сокин дар каронаҳои рӯди Вулго ва Сибрӣ ҳам саҳм доштанд. [2]См. Фахрутдинов Р.Г. Очерки по истории Волжской Булгарии. — М., 1984. – С.14-39. Дар ин муддат ин мазҳаб чунон дар пӯсту хуни мардуми минтақа ва суннатҳои онон реша давонд, ки ба ривояти муваррихон ва ҷуғрофидонҳои қуруни вустоӣ, саканаи минтақа аслан аз ҳанафиҳо иборат буд. Пас аз ҳамлаи муғул бештари уламои барҷастаи дин ба Ҳинд ва Рум (Осиёи Сағир) муҳоҷират карданд ва Мовароуннаҳр сабқати зеҳнӣ ва талоядории мазҳабро аз даст дод. Аз ин даврон ба баъд мазҳаби ҳанафӣ дигар омили навгароӣ ва таҷаддуд набуд ва бештар ба ҳифзи суннатҳо тамаркуз дошт.

Кӯшишҳои навпардозӣ дар батни мактаби фиқҳи ҳанафӣ

Ҳамон тур ки маълум аст, дар ҳамаи давру замонҳо афроди ҷудогонае талошҳое барои ислоҳ ва таҷдиди ин мазҳаб анҷом додаанд, ки онҳоро ба ду гурӯҳ мешавад ҷудо кард:

1) Гурӯҳи аввал саъй мекард бо такя бар Қуръону Суннат (ахбору ривоёти роиҷ дар миёни мусалмонон дар бораи зиндагии паямбар Муҳаммад, ки мукаммили Қуръон маҳсуб мешавад) мазҳаби ҳанафиро ба мазоҳиби дигари аҳли суннат ва ҷамоъат наздик кунад ва бархе аз ноҳамвориҳо, таноқузот ва ихтилофи назарҳои поягузорони мазҳаб бо манобеъи дасти аввалро бартараф намояд.

2) Гурӯҳи дувум ба суннати ақлгароӣ такя мекард ва саъй мекард мазҳаби ҳанафиро бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳо ва воқеъиятҳои даврони худ ислоҳ ва таҷдид кунад.

Талошҳо барои ислоҳ ва навсозии мазҳаби ҳанафӣ дар минтақаи Осиёи Миёна дар авохири қарни XIX бо зуҳури ҳаракати Ҷадидия (неҳзати сиёсию иҷтимоъӣ ва рӯшанфикрӣ дар миёни мардумони мусалмон (ғолибан турктабор) дар имперотурии Русия дар авохири қарни XIX — авоили қани XX) дубора ҷон гирифт, ки шумори зиёде аз аҳолии илму адаби мо ба он пайваста буданд. Онҳо саъй доштанд низоми омӯзишӣ ва системи сиёсию ҳуқуқии кишварро ислоҳ кунанд, вале бо муқовимати шадид, чи аз сӯи рӯҳонияти суннатӣ ва чи аз сӯи мақомҳои давлатӣ рӯбарӯ шуданд. Баъд аз истиқрори давлати шӯравӣ, онҳо аз саҳна нопадид шуданд ва мазҳаби ҳанафия дубора ба вазъияти даврони қуруни вустоӣ баргашт.

Ҳарчанд зидду нақиз ба назар мерасад, аммо фароянди ислоҳот ва навсозии мазҳаби ҳанафия дар даҳаи 70-и садаи гузашта, яъне дар даврони авҷи шукуфоии иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва андешаи бехудоӣ, муҷаддадан оғоз шуд. Ду мавҷи ислоҳталабӣ ва таҷаддуди исломиро дар маҷмӯъ, ва мактаби фиқҳи ҳанафиро бахусус, метавон дар Тоҷикистони даврони шӯравӣ аз ҳам ташхис дод:

Мавлавии Ҳиндустонӣ. Акс аз: wikipedia.org
Мавлавии Ҳиндустонӣ. Акс аз: wikipedia.org

 Мавҷи аввал ба даҳаи солҳои 1970 бармегардад ва ба номи Мавлавии Ҳиндустонӣ муртабит аст. Дар он даврон бархе аз намояндагони имрӯза муътабару бонуфузи рӯҳоният, монанди Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, Махсуми Саидраҳмон, Асомуддин ва дигарон пеши ӯ сабақ гирифтаанд. Ҳиндустонӣ, ки дар мадориси динии Ҳинд таҳсил карда, аз онҷо васоили нави омӯзишӣ ва равишҳои нисбатан ҷадиди тадриси улуми диниро ба армуғон овард. Илова бар ин, ӯ аз Хӯқанд буд ва бархе одобу русум ва суннатҳои маҳаллӣ барояш бегона буданд, бино бар ин, аз онҳо интиқод мекард. Ҳамчунин, ба унвони яке аз намояндагони бонуфузи рӯҳонияти он замон, метавон аз Эшони Тӯраҷон ном бурд. Онҳо фаъолиятҳое барои аз миён бурдани бархе аз “хурофот” ва “бидъатҳо” дар одобу русуми мардум, боло бурдани сатҳи омӯзиши динӣ ва рӯшангарӣ дар миёни теъдоди муъайяне аз мардум анҷом медоданд. Дар ҳамин давра буд, ки дар миёни рӯҳонияти Тоҷикистон нахустин дидгоҳҳои сиёсӣ шакл гирифт.[3]См. Абдуллоҳи Раҳнамо. Уламои исломӣ дар Тоҷикистон.. – Душанбе: «Ирфон», 2009, – С. 118 -128.  Ва ҳарчанд талошҳое дар он давра барои ислоҳи мазҳаб дар посух ба ниёзҳои замон сурат гирифт, аммо бештари намояндагони рӯҳоният ҳамчунон дидгоҳҳои суннатӣ доштанд ё сиёсати мудохила накардан дар ин умурро дар пеш гирифта буданд.

Мавҷи дувум дар даҳаи 1980 маҳофили васеътаре аз ҷомеъаро фаро гирифт ва мутаносибан доираи мавзӯъоти мавриди баҳсаш ҳам густардатар буд:

Навсозӣ ва ислоҳи системи маъориф. Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода шогирдони худро бо осори мутафаккирон ва ислоҳталабони исломӣ, монанди Саид Қутб ва бародараш Муҳаммад Қутб, Муҳаммади Ғаззолии Миср, Мавдудӣ ва ғайра ошно карданд. Китобҳои дар он замон машҳуре чун “Тардидҳо перомуни ислом” (شبهات حول الإسلام) ва “Муколима бо як дӯсти мулҳид” (حوار مع صديقي الملحد) аз сӯи онон тарҷума шуд. Ин китобҳо, ба далели имконоти маҳдуд, бо нусхабардории тасвирӣ (футукупӣ) таксир ва мунтшир мешуданд. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши тафсирҳои Қуръону Ҳадис (ахбору ривоёте аз рӯзгори паямбари ислом), ки дар барномаи мадориси Бухоро аз онҳо сарфи назар шуда буд, афзоиш ёфт.

Ислоҳи дидгоҳҳо дар робита бо ойинҳо ва суннатҳои мазҳабӣ

Дар инҷо маҳофили ҷудогонае аз рӯҳоният ба носозгории суннатҳо ва маросими динӣ бо ислом таъкид мекарданд ва навъе корзори вижа барои решакании “таъассубу хурофот” ва “бидъатҳо” оғоз шуд. Давраи беш аз ҳафтодсолаи ҳукумати шӯравӣ бо андешаи бехудоӣ ё худонобоварӣ (отеисм)-и “ситезаҷӯёна” ва дертар “илмӣ” мунҷар ба ҷудоӣ ё дурии зиндагии мазҳабӣ ва иҷрои маросими динӣ аз воқеъиятҳои рӯзи ҷомеъа шуд. Далели ин амр маҷмӯъе аз масоил ва пурсишҳои умдаи мавриди баҳс дар он даврон аст, ки бо вуҷуди содагӣ воқеъиятҳои он рӯзгорро мунъакис мекунанд: Масалан, ин ки оё зиёрати мазорҳо (ё мақбараҳои шахсиятҳои бонуфузи мазҳабӣ) ҷоиз аст? Оё мешавад барои арвоҳи даргузаштагон фотиҳа (сураи вввали Қуръонро) хонд? Оё пул гирифтан барои қироат ё хатми Қуръон ҷоиз аст? Оё аз хондани Қуръон суде ба арвоҳи даргузаштагон мерасад? Оё аз хондани Қуръон барои бемор фоидае ҳосил мешавад, агар ӯ намефаҳмад? Оё мешавад дар ниёишҳои худ аз авлиёву анбиёи гузашта умеди шафоъат кард? Оё аз ҷои худ бархостан ва даст пеши бар салом додан ба рӯҳониён дуруст аст?[4]Бабаджанов Б. М. и др. Диспуты мусульманских религиозных авторитетов в Центральной Азии в веке. – С. 116. цыт. по …

Ин пурсишҳои ба зоҳир сода ва бетакаллуф мубориза байни таҷаддудхоҳӣ ва суннатҳои ҳоким дар зиндагии мазҳабии он давронро басароҳат бозтоб медиҳад.
Ҳамчунин, дар он замон навсозии дидгоҳҳо перомуни нақши сиёсию иҷтимоъии дин ба мушоҳида мерасад, ки дар меҳвари он масъалаи ҷоиз будан ё набудани таъсиси ҳизби исломӣ ва мушорикати намояндагони рӯҳоният дар зиндагии иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва фарҳангии як давлати секулор ё дунявӣ қарор дорад.

Даври ҷадиде аз рӯёрӯӣ, дахолати давлат

Дар даҳаи навади қарни гузашта, дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон, дар ҳоле ки намояндагони ду мавҷи аввал барои касби нуфузи бештаре мубориза мекарданд ё машғули мавзеъгирӣ нисбат ба тарафҳои даргир буданд, мавҷи тозае аз рӯҳоният аз миёни ҷавонони таҳсилкарда дар кишварҳои хориҷӣ падид омад. Ин ҷавонон, ба ғайр аз омӯзиши улуми исломӣ, ҳамчунин таҳти таъсири расму ақоиди динии хориҷӣ ва ҷараёнҳои навгаро ё ифротӣ қарор гирифтанд. Доманаи ин гароишҳо аз таҷаддудхоҳони ғарбгаро ва ҳанафиҳои суннатӣ гирифта, то салафиҳои мофавқи суннатгаро, ки хостори бозгашт ба асри тилоии “исломи ноб” ҳастанд, ва ҷараёнҳои ифротӣ бо хостаҳои сиёсие чун Ҳизби Таҳрир, Байъат, Такфир в-ал-ҳиҷра (ки онҳо низ салафӣ хонда мешаванд) дар навасон аст. Ҳамаи инҳо барои ҷалби ҳарчи бештари мухлисону муридон ва тақсими ҳавзаи нуфузашон ба рақобат пардохтанд.

Таҷаддудхоҳон ва ислоҳталабони собиқи ду мавҷи аввал, ки акнун шӯру ҳаяҷонашон фурӯкаш карда ва мутаъодилтару бомулоҳизатар шуда буданд, бо мавҷи тоза ба мухолифат пардохтанд. Табиъист, ки иқболи онҳо дар ин замина чандон зиёд набуд, зеро чи аз лиҳози фикрию ақидатӣ ва чи аз лиҳози дастрасӣ ба имконоти молӣ нисбат ба насли “ҷавон” заъифтар буданд. Вале ба бахти онҳо, дар ин рӯёрӯӣ давлат мудохила кард ва интихобаш рӯи суннатҳои маҳаллӣ қарор гирифт. Дар ин даврон мебинем, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои худ бар нақш ва ҷойгоҳи мазҳаби ҳанафӣ дар ҷомеъа таъкид мекунад. Ӯ ба иловаи суханрониҳо, китобҳо ва мақолоте ҳам дар бораи Имом Абӯҳанифа ва мазҳаби ҳанафӣ менивисад, соли 2009 “Соли бузургдошти Имом Абуҳанифа” эълом мешавад, ҳамоиши байналмилалии пурсарусадои “Мероси Имом Абӯҳанифа ва нақши ӯ дар гуфтугӯи тамаддунҳо” баргузор мешавад, ҷараёнҳои мухталифи мазҳабӣ расман мамнӯъ шудаанд, дар таҳрири ҷадиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” бахше дар бораи “ба расмият шинохтани нақши вижаи мазҳаби ҳанафии дини ислом дар пешрафти фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии мардуми Тоҷикистон[5]Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009 год, №3, ст. 82; Закон РТ от 28.06.11г., №739 изофа ва тасвиб мешавад, яъне фирқаи ҳанафӣ тақрибан ба як мазҳаби расмии давлатӣ табдил мешавад. Кулли ин моҷароҳо бар тибқи як сенориюи намуна сурат пазируфт: “пайравӣ аз ин ё он мазҳаб дар бархе шароит ба маънои ҷонибдорӣ аз ин ё он ҳукумат буд, зеро ҳукуматҳои мухталиф дар тағйири мазоҳиб дар миёни мусалмонон нақши боризе доштаанд.”[6]См. Наумкин В.В., Пиотровский М.Б. X-XII вв. В истории народов Ближнего и Среднего Востока – “эпоха …

Пуштибонӣ аз исломи «суннатӣ» имкони истифода аз он ба унвони як омили ваҳдатзо дар сохтану пардохтани аркони ҳувияти миллиро фароҳам мекунад. Муҷассамаи Исмоъили Сомонӣ дар Душанбе. Акс аз restbee.ru
Пуштибонӣ аз исломи «суннатӣ» имкони истифода аз он ба унвони як омили ваҳдатзо дар сохтану пардохтани аркони ҳувияти миллиро фароҳам мекунад. Муҷассамаи Исмоъили Сомонӣ дар Душанбе. Акс аз restbee.ru

 Тадобири анҷомшуда аз сӯи давлат паёмадҳои мусбате дошт. Дар натиҷа, шумори мубаллиғони ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои “ғайрисуннатӣ” дар минтақа ба таври чашмире коҳиш ёфт – гурӯҳҳое, ки на танҳо ба тарвиҷи афкору ақоиди ифротгароёна машғул буданд, балки оромишу сабот дар зиндагии мазҳабии ҷомеъаро ҳам баҳам мезаданд.

Дар ин ҳавза, Тоҷикистон бо анҷоми тадобири муносиби танзимию таҳримӣ ё боздоранда дар сатҳи қонунгузорӣ ва дар сиёсатҳои худ бар ҳамсоягонаш пешӣ гирифт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” бар нақши суннатҳо ва урфу одоти миллӣ таъкид мекунад; “Истротежии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқобала бо ифротгароӣ ва терурисм барои солҳои 2016-2020” ва Нақшаи фаъъолиятҳо барои иҷрои он таҳия ва тасвиб шудааст[7]Утверждена Указом Президента Республики Таджикистан от 12 ноября 2016 года №776; «Кунсепсиюни сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи дин»,[8]Утверждена Указом Президента Республики Таджикистан от 4 апреля 2018 года, №1042 ва ҳамчунин бисёре аз қавонин ва муқаррароти дигар таҳия ва тасвиб шудаанд, ки акнун дар ҳоли пиёда шудан ҳастанд ва бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳо ва костиҳои ошкоршуда ислоҳу такмил хоҳанд шуд. Аз таҷрубаи Тоҷикистон дар ин ҳавза кишварҳои ҳамсоя сабақ меомӯзанд.

Яке аз нуқоти қуввати пуштибонӣ аз исломи “суннатӣ” ин аст, ки он ба мероси адабию маънавии ниёкон сахт гиреҳ хурдааст. Ва ин амр кумак мекунад, ки аз ин гароиш ба унвони як омили ваҳдатзо дар сохтану пардохтани ҳувияти миллӣ истифода шавад.
Дар айни ҳол, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки дар ҳудуди як қарни ҳукумати шӯравӣ, замоне ки дин аз зиндагии иҷтимоъӣ ба ҳошия ронда шуда буд, муассисоти мазҳабии суннатӣ бо сохтори куллии ҷомеъа пайванди заъифе доштанд. Ба ин тартиб, душвории бозгашти зотии ин ниҳодҳо ба муҳити иҷтимоъию фарҳангиро бо таваҷҷуҳ ба воқеъиятҳои рӯз метавон ба ин амр нисбат дод. Яъне муассисоти мазҳабии суннатӣ ба маркаби гаронборе табдил шуданд, ки то расидан ба ҳамраҳон бояд роҳи дарозеро дар муддате кӯтоҳ тай кунад. Дар даврони шӯравӣ рӯҳоният аз қудрат ва ҳукумат фосила гирифт, ва дар натиҷа абзорҳои муносиб барои эҷоди равобити мутақобила байни онҳо аз миён рафтааст.

Дастовардҳо, нокомиҳо ва чолишҳо дар пешбурди сиёсати ҳимоят аз исломи “суннатӣ”

Дар баробари нукоти мусбат, иҷрои ин тадобир бархе мушкилот ё ба истилоҳ “сахраҳои зери обро” ҳам бармало сохт, ки шояд дар оянда таҳдидҳо ва чолишҳои тозае бор оварад.

Таҳлили фароянди иҷрои ин тадобир нишон медиҳад, ки “рӯҳонияти расмии суннатии ҳанафӣ” ба “пуштибонӣ аз боло” ғарра шуда ва на ҳамеша қодир аст худаш бебокона пеш равад ва ё худро таҷдид кунаду бо ниёзҳои замон вифқ бидиҳад, ва ё дар баробари таҳдидҳои хориҷиву дохилӣ аз худ дифоъ кунад. Бештари вақтҳо, кулли истидлоли онҳо дар муҷодала бо созмонҳо ва ҷараёнҳои дигари мазҳабӣ ба ин лофи газоф хатм мешавад, ки “давлат моро ба расмият мешиносад ва ба мо салоҳият додааст”. Ва ин амр амалан ба коҳиши нуфузу эътибори онҳо дар ҷомеъа мунҷар шудааст. Назарсанҷиҳои умумӣ нишон медиҳад, ки сатҳи эътимоди мардум ба имомони масоҷид ба таври фоҷеъаборе коҳиш ёфта ва дар натиҷа, ҷои холии онҳоро ба истилоҳ “имомони интернетӣ” пур кардаанд. Таъкиди барафзун бар “давлатӣ” будани ин даста аз ходимони дин ақшори дорои зарфияти эътирозӣ дар ҷомеъаро аз мавъизаҳо ва фаъъолиятҳои онон дур месозад.

Гунгу номушаххас будани таърифи “исломи суннатӣ” ба ҳадсу гумоназаниҳое дар бораи ин мафҳум дар адабиёти сиёсӣ ва равобити иҷтимоъӣ доман задааст. Дар натиҷа, иттиҳоми “ғайрисуннатӣ будан” ба як абзори саркӯби рақибону мухолифон ва ё ривояте барои озору азият ва табъизи “ғайрисуннатиҳо” табдил мешавад. Чунин таҷрубае аз ҷаззобияти “исломи суннатӣ” барои қишри бетарафу миёнарави ҷомеъа мекоҳад ва бар хатари ифротӣ шудани онҳо меафзояд.

Яке аз чолишҳои дигари сиёсати ҳимоятгароӣ (protectionism) дар мавриди “исломи суннатӣ” чашмпӯшӣ аз риъояти асли “секулорисм” (дунявият) ва “арҷгузорию таҳаммул нисбат ба ҳамаи динҳо ва ҷараёнҳои динӣ” дар Қонуни асосии Тоҷикистон аст. Ин асл дар муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ҳам зикр шудааст. Ин ҳамон мушкилест, ки пайваста дар гузоришҳои интиқодии созмонҳои байналмилалӣ дар робита бо сиёсати расмии давлати Тоҷикистон садо медиҳад. Ин пурсиш, ки то чи андоза “мазҳаби расмӣ” бо мақоми давлати дунявӣ (секулор) созгор аст ва хатти фосил миёни онҳо дар куҷо хатм мешавад, ҳануз посухе надорад.

Натиҷагирӣ ва тавсияҳо

Ҳангоми пиёдасозии сиёсати ҳимоятгарона дар мавриди “исломи суннатӣ” бояд ин нуктаро дар мадди назар дошт, ки ин ҷараён метавонад дар фарояндҳои иҷтимоъию фарҳангӣ ҳам нақши мусбат ва ҳам нақши манфӣ иҷро кунад.

Аввал аз ҳама, ба хотири ин воқеъият, ки ҳар чизи суннатӣ асосан муҳофизакорона ва устувор бар появу усулест, ки шояд дар фароянди анҷоми ислоҳот ва навсозӣ ба унвони як монеъи даступогир амал кунад.

Сониян, таҳдиди истифода аз шиъорҳои пуштибонӣ аз “исломи суннатӣ” ҳамчун абзоре барои мубориза бо рақибон ва баҳонае барои саркӯби мухолифон баростӣ вуҷуд дорад.    

Солисан, пӯшиши матбӯъотии таблиғомез ва носанҷидаи ҳимоят аз “исломи суннатӣ” метавонад ба вокуниши манфии ақшоре, ки зарфияти болои эътирозӣ доранд, мунҷар шавад ва онҳоро ба самти ифротгароӣ савқ диҳад.

Бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои ёдшуда, ҷалби таваҷҷуҳи бозигарони мухталиф ба ин тавсияҳо баҳангом ва муносиб аст:

  • Паҳлуҳои норӯшану печидаи мафҳуми “исломи суннатӣ”-ро бояд бо диққат ва борикбинона омӯхту дарк намуд;
  • Унсурҳои мухарриберо, ки дар андеша ва амали “исломи суннатӣ” нуҳуфтааст, бояд дар мадди назар дошт ва ҳушмандона ба баррасӣ гирифт. Аз ҳар гуна ормонгароӣ ва хиёлпардозӣ дар бораи он бояд парҳез кард ва хоссиятҳо ва зарфиятҳоеро, ки дарвоқеъ вуҷуд надоранд, набояд ба он нисбат дод.
  • Ҳангоми пиёда сохтани сиёсати давлатӣ дар ҳавзаи дин бояд ба афзоиши зарфиятҳои дунявӣ ва баҳрабардорӣ аз он, ва бархӯрди бетарафона нисбат ба масоили дин тамаркуз кард ва аз ифроту тафрит дурӣ ҷуст: ҳам аз рӯйкарди таҳоҷумию душманона ва динситезона, ки ба даврони Шӯравӣ бармегардад, ва ҳам аз зиёдаравӣ дар посдории падидаи гунгу мубҳаме ба номи “исломи суннатӣ”.
  • Ходимони дин ба ҷои вазъияти расмии худро ба рухи мардум кашидан ва барангехтани нигаришҳои манфӣ нисбат ба худ ва муассисоти давлатӣ, бояд рӯи афзоиши зарфиятҳои мусбат дар фарҳанг ва расму ойинҳои мазҳабӣ моя гузоранд ва арзишҳову андешаҳои инсониро оромона ривоҷ диҳанд.
  • Аҳолии илму фарҳангро, ба навбаи худ, лозим аст нигариши худ ба унсури мусалмонӣ дар фарҳанги бумиро бозбинӣ кунанд, ва аз ин унсур дар ибдоъот ва навовариҳои илмию амалии худ ба таври халлоқона истифода кунанд.
  • Дар барномаҳои омӯзишӣ таълимот ва афкори “исломи суннатӣ” бояд дар гуфтмони маърифатию омӯзанда тадрис шавад, на ба унвони китобҳои фароиз ва воҷиботи динӣ, ки имрӯз фаровон ба мушоҳида мерасад.

Имрӯз Тоҷикистон аз таҷрубаи ғанию мусбате дар ҳавзаи ҳимоят аз исломи “суннатӣ” ва ҷалби зарфиятҳои мусбати он ба ҳаёти ҷомеъа бархурдор аат. Арзёбии ҳушмандона аз вазъияти дин ва иҷрои сиёсати динӣ имкон медиҳад, ки ин истротежӣ ба дурнамо табдил шавад ва бароии кишварҳои дигар, аз ҷумла минтақаи Осиёи Миёна, ҷолиб бошад.

Феҳристи манобеъ:


Ин мақола дар чорчӯби лоиҳаи IWPR «Субот Осиёи Миёна аз роҳи муколама» таҳия шудааст. Назароти дар мақола овардашуда баёнгари мавзеъи расона ва ё сарпарасти он нестанд.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

См. Прозоров С. М. «Ортодоксальное» и «еретическое» в раннем исламе. Введение в Шахристани Мухаммад ибн Абдулькарим. «Книга о религиях и сектах (Китаб ал-милал ва-н-нихал)». – Москва: Наука, 1984. – С. 10 — 11.
См. Фахрутдинов Р.Г. Очерки по истории Волжской Булгарии. — М., 1984. – С.14-39.
См. Абдуллоҳи Раҳнамо. Уламои исломӣ дар Тоҷикистон.. – Душанбе: «Ирфон», 2009, – С. 118 -128.
Бабаджанов Б. М. и др. Диспуты мусульманских религиозных авторитетов в Центральной Азии в веке. – С. 116. цыт. по Абдуллоҳи Раҳнамо. ук. соч. – С. 154.
Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009 год, №3, ст. 82; Закон РТ от 28.06.11г., №739
См. Наумкин В.В., Пиотровский М.Б. X-XII вв. В истории народов Ближнего и Среднего Востока – “эпоха трансформации”? // Мусульманский мир. 950-1150. – М., 1981. – С. 11.
Утверждена Указом Президента Республики Таджикистан от 12 ноября 2016 года №776
Утверждена Указом Президента Республики Таджикистан от 4 апреля 2018 года, №1042
Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: