© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Нерӯгоҳи «Роғун» — омили ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон

«Равандҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» нишон дод, ки Тоҷикистон тавоноии иҷрои барномаи тавсеъаи дарозмуддати худро дорад. Ин амр пеш аз ҳама ба ду омил вобаста аст: мавҷудияти иродаи сиёсӣ ва дарки аҳаммияти чунин тарҳе аз сӯи шаҳрвандон», — ин порае аз суханони сиёсатшинос Шералии Ризоён аст, ки дар мақолаи худ барои торнамои таҳлилии CABAR.asia овардааст.

Русский


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Фишурдаи мақола:

  • Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мутаваққиф шуд;
  • Баъд аз ҷанги дохилӣ тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» ба нумоди эҳё ва бозсозии Тоҷикистон табдил шуд;
  • Баъд аз ҷустуҷӯҳои бенатиҷаи сармоягузорон, дар соли 2008 Тоҷикистон бо нерӯ ва манобеъи худ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» пардохт;
  • Таҷрубаи «Роғун» нишон медиҳад, ки давлатҳои Осиёи Миёна аз баҳрабардории муштарак ва ҳушмандона аз зарфиятҳои энержии обии ҳавзаи рӯдхонаҳои Омӯ ва Сир суди фаровоне мебаранд.

Дар солҳои ахир таҳаввули фарояндҳои сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Миёна дигаргунии ҷиддиеро аз сар гузаронда ва ба марҳилаи тозае аз пешрафти худ ворид шудааст. Аз рӯйдодҳои барҷаста метавон ба афзоиши дидорҳои раҳбарони давлатҳои минтақа ва сарфарҳои расмии онҳо ба кишварҳои ҳамсоя барои таҳкими равобити дуҷониба ишора кард. Соли гузашта сароғози дигаргуниҳои мусбате дар кишварҳои Осиёи Миёна буд ва имрӯз мебинем, ки гиреҳи бисёре аз мушкилоти «ҳалнопазир» батадриҷ боз мешавад ва ҷаҳише мусбат дар ҳамкориҳо дар ҳавзаи обу энержӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар пасманзари ин таҳаввулоти мусбат, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки рӯзи 16 ноябри 2018 воҳиди аввали нерӯгоҳи “Роғун” ба кор андохта шуд, ки дастоварде барҷаста дар торихи навини Тоҷикистон аст. Ин рӯйдод мояи хушҳолию масаррати шаҳрвандон шуда ва эътимодашон ба ояндаро дар амри рушду парвариши зарфияти иқтисодӣ ва таъмини истиқлоли энержии кишвар таҳким бахшидааст. Нерӯгоҳи “Роғун” барои мардуми Тоҷикистон беш аз як нерӯгоҳи маъмулист. Иродаи сиёсӣ барои иҷрои ин тарҳ ҳамаи сокинонро, сарфи назар аз гароишҳо ва ақоиди сиёсияшон, гирди ҳам оварда ва бовари онҳо ба ояндаи дурахшонро устувор сохтааст.

Маросими ба кор андохтани воҳиди аввали нерӯгоҳи «Роғун». Акс аз: polytanalyse.com
Маросими ба кор андохтани воҳиди аввали нерӯгоҳи «Роғун». Акс аз: polytanalyse.com

Таърихчаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»

Тоҷикистон, баъд аз касби истиқлоли давлатӣ, беш аз ҳар ҷумҳурии дигари шӯравии пешин аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ осеб дидааст: ҷанги дохилӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ва фақри ҳоким бар ҷомеа, аз кор мондани корхонаҳо, буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки мушкилоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодиеро ба бор овардааст.

Дар солҳои аввали истиқлол, ин кишвар ба се минтақа тақсим шуда буд, ва зербиноҳои роҳу таробарӣ, ки шимолу шарқи Тоҷикистонро ба пойтахт мепайвандад, тақрибан вуҷуд надошт. Барои таҳкими пояҳои истиқлол мебоист роҳбурде (истротежӣ) бо истифода аз зарфияти мавҷуди дохилӣ таҳия шавад. Дар ин замина, имтиёзи аслии Тоҷикистон мавҷудияти захоири бузурги энержии обӣ аст, яъне рӯдхонаву кӯлҳое, ки аз яхчолҳои табиъӣ сарчашма мегиранд.

Сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аз сӯи Идораи кулли энержӣ ва барқрасонии Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон дар соли 1968 барномарезӣ карда буд. Ин нерӯгоҳ бо доштани садде ба иртифоъи 335 метр дар оғоз на фақат барои тавлиди барқ, балки ба унвони унсуре калидӣ дар системи танзими маҷрои рӯдхонаи Вахш пешбинӣ шуда буд. Системе, ки ҳамроҳ бо таъсисоти дигари обӣ, ки пойинтар воқеъ шудаанд, кумак мекунад сатҳи матлубе аз оби рӯдхонаи Ому дар ҳамаи фаслҳои сол нигоҳ дошта шавад. [2]. Дар моҳи сентябри соли 1976 корҳои сохтмонӣ дар маҳалли нерӯгоҳи Роғун, тавлиди турбинҳову мубаддилҳо дар Украина ва генературҳо дар Свердловск оғоз шуд. [3].

27 декабри соли 1987 бори аввал маҷрои рӯдхонаи Вахш барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» баста шуд. Акс аз: news.tj
27 декабри соли 1987 бори аввал маҷрои рӯдхонаи Вахш барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» баста шуд. Акс аз: news.tj

Дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон сохтмони ин нерӯгоҳ мутаваққиф шуд. Маълум аст, ки ҳар мусибате ранҷу балоҳои дигаре ҳам ба ҳамроҳ дорад. Бино бар ин, шӯрбахтона, 8 майи соли 1993 селгири болодасти нерӯгоҳ дар асари обхезии шадид хароб шуд ва солуни турбин ва оброҳу роҳравҳои зерзаминӣ қисман зери об монд [3].

Дар оғози солҳои 2000-ум, Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилӣ ва дар давраи эҳёи иқтисод ва бозсозии фаъоли зербиноҳои ҳаётию муҳиммаш, тарҳи «Роғун»-ро фаъолона ба шарикони хориҷияш муъаррифӣ кард. Дар давраи баъд аз ҷанги дохилӣ нерӯгоҳи «Роғун» ба нумоди эҳё ва бозсозии Тоҷикистон табдил шуд. Барои сохтмони ин нерӯгоҳ манобеъи молии бузурге лозим буд, ки фароҳам сохтанаш бидуни ҷалби сармояи хориҷӣ имконпазир набуд.

Дар соли 2004, дар ҷараёни сафари расмии В.В. Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба Тоҷикистон, байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «РУСАЛ» тавофуқномае барои сохтмони ин нерӯгоҳ имзо шуд. Баъд аз он, корҳои сохтмонӣ дар маҳалли нерӯгоҳ дубора оғоз шуд ва солуни турбин аз обу рутубат пок карда шуд. Аммо ба далели мухолифати ҳамсоягони бонуфуз ва рӯшан набудани сарнавишти корхонаи бузурги дигари Тоҷикистон – корхонаи олуминиюм ё ТАЛКО, танишҳо бар сари ин тарҳ боло гирифт. Ширкати РУСАЛ исрор дошт, ки навъи садди нерӯгоҳ тағйир ва иртифоъи он то ба 285 метр коҳиш дода шавад. Дар соли 2007 ҳукумат тавофуқи худ бо РУСАЛ-ро ботил кард, зеро шароити пешниҳодии ин ширкат барои Тоҷикистон қобили қабул набуд.

Дар соли 2008 Тоҷикистон бо нерӯ ва имконоти худ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» пардохт. Дар моҳи январи соли 2010 корзори миллӣ барои фурӯши саҳоми ин нерӯгоҳ ба роҳ андохта шуд: панҷ милюн баргаи саҳм ва гувоҳии саҳоми ширкати «Нерӯгоҳи Роғун» ба маблағи 6 милёрд сомонӣ (ҳудуди $1,37 милёрд дулор) содир шуд, ки баргаҳои саҳм бо арзиши исмии 100 сомонӣ ва гувоҳиҳои саҳом бо арзиши исмии 500, 1000 ва 5000 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуданд. Дар тӯли як сол маблағи 820 милюну 200 ҳазор сомонӣ аз саҳоми ин нерӯгоҳ ба фурӯш рафт, ки бо нархи арзи он замон муъодили 186,2 милюн дулор буд. [4]. Харидорони аслии саҳоми нерӯгоҳи «Роғун» шаҳрвандони Тоҷикистон буданд: кормандони муассисоти давлатӣ, бахши омӯзишу парвариш, фарҳанг, тоҷирону соҳибкорон ва ғайра. Дар маҷмӯъ, ин корзор таваҷҷуҳи кормандони ҳамаи арсаҳоро ба худ ҷалб кард, ки аз ин фароянд метавон ба унвони яке аз аввалин талошҳои муваффақи давлат барои муттаҳид сохтани шаҳрвандон, пас аз андешаи мусолиҳаи миллӣ ва поёни ҷанги дохилии Тоҷикистон, ном бурд.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баста шудани маҷрои рӯдхонаи Вахш, 29 октябри 2016. Акс аз: president.tj
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баста шудани маҷрои рӯдхонаи Вахш, 29 октябри 2016. Акс аз: president.tj

Рӯзи 29 октябри соли 2016 рӯйдоди муҳимме дар торихи муъосири Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст – раисҷумҳур Эмомалии Раҳмон худаш сари фармони булдузер нишаст ва дар бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш саҳми худро гузошт.

Нерӯгоҳи Роғун дар системи авлавиятҳои имрӯзи Тоҷикистон

Бо таваҷҷуҳ ба авлавияти нахусти Роҳбурди (истротежии) миллии тавсеъаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, таъмини амнияти энержӣ ва истифодаи муассир аз нерӯи барқ [9] ва баҳрабардорӣ аз манобеъи бузурги энержии обии кишвар барои бозсозии иқтисодии Тоҷикистон зарурист.

Маълум аст, ки зарфияти куллии энержии обии кишвар баробари 527 милёрд килувот/соъат дар сол аст, ки аз он имрӯз фақат 5 дарсад баҳрабардорӣ шудааст. [10,7]. Дар амри истифода аз манобеъи энержии обии Тоҷикистон нерӯгоҳи «Роғун» ва арзёбии мусбати он аз сӯи коршиносони байналмилалӣ нақши таъйинкунандае дорад. Бино бар ин, дар Роҳбурди миллӣ зикр шуда, ки «эмании асароти тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» дар кишварҳои поёноб аз сӯи ҷомеъа ва коршиносони байналмилалӣ эътироф шуда, фавоиди иқтисодии он, эмании зистмуҳитӣ ва пойдории иқтисодии он тавҷеҳпазир аст». [9].

Имрӯз иҷрои тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» ба 4 бахш тақсим шудааст:

  1. Таҳвилу насб ва ба кор андохтани таҷҳизоти электрумеконик барои чаҳор турбини нерӯгоҳ (4х600 меговот);
  2. Такмили сохтмони садди аслии нерӯгоҳ;
  3. Сохтмони таъсисоти соҳили рости рӯдхонаи Вахш: тунелҳо ва системи тахлияи об; 
  4. Сохтмони таъсисоти соҳили чапи рӯдхона: нерӯгоҳи зерзаминии мураккаб аз шаш турбин (6х600 меговот), тунели вурудӣ, солуни турбин ва тунели хурӯҷии об [11].

Аз вижагиҳои мунҳасир ба фарди нерӯгоҳи «Роғун» ин аст, ки дар фароянди сохтмони он тавлиди энержӣ, фурӯши он ва истифода аз сармояи фароҳамшуда барои идомаи сохту сози он имконпазир аст. Дар ибтидо, аз барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳи «Роғун» барои рафъи ниёзҳои дохилии кишвар истифода хоҳад шуд, зеро пас аз соли 2008 шаҳрвандон дар фасли зимистон аз камбуди шадиди нерӯи барқ ранҷ мебаранд. Бо раҳандозии аввалин воҳиди нерӯгоҳ ин мушкил рафъ шуда ва мояи хушҳолист, ки қатъи давра ба давраи интиқоли барқ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ҳамакнун моли торих шудааст.

Имрӯзҳо Тоҷикистон дар фасли тобистон ба Афғонистон, ва миқдоре ҳам ба Қирғизистон, нерӯи барқ содир мекунад. Аз оғози соли 2017 ба ин сӯ фурӯши барқ ба Узбакистон низ сурат мегирад. Тибқи иттилоъи Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, дар соли 2018 ба миқдори 2,4 милёрд килувот/соъат нерӯи барқ содир шудааст, ки 1,1 милёрд килувот/соъат бештар аз соли 2017 аст. Аз нерӯи барқи содиршуда, 1,48 милёрд килувот/соъат (ба баҳои 0,02 дулор барои ҳар килувот/соъат дар фасли тобистон ва 25% бештар дар фасли зимистон, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳамин қиматро мепардозанд) ба Узбакистон ва 926 милюн килувот/соъат (ба баҳои 0,04 дулор барои ҳар килувот/соъат) ба Афғонистон фурӯхта мешавад. [12]. Тавлиди нерӯи барқ дар воҳиди аввали нерӯгоҳи «Роғун» дар соли 2018 чизе муъодили 90 милюн килувот/соъат будааст.

Бар асоси нақшаҳои мавҷуд, қарор аст Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, умдатан ба Покистон, нерӯи барқ содир кунад. Возеҳ аст, ки сохтмони хатти фароминтақаии интиқоли барқи ОМОҶ-1000 (CASA-1000) аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ рӯзи 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода оғоз шуд. Дар маросими оғози ин тарҳ раҳбарони кишварҳои ширкаткунанда, яъне Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон, ширкат доштанд. Ин тарҳ имкон медиҳад, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба содиркунандагони нерӯи барқи арзон ва покиза аз олудагиҳои зистмуҳитӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ табдил шаванд. Хатти интиқоли барқи ОМОҶ-1000 иртиботи бидуни вақфа миёни шабакаҳои энержии кишварҳои ин ду минтақаро низ таъмин месозад. Иҷрои ин тарҳ метавонад мавқеъияти кишварҳои мазкурро дар сиёсати минтақаӣ бакуллӣ иваз кунад, зеро коромадии ин хатти интиқоли барқ умдатан бо баҳрабардорӣ аз зарфияти энержии обии Тоҷикистон, яъне умдатан аз нерӯгоҳи “Роғун”, ва низ маҷмӯъе аз нерӯгоҳҳои мавҷуд дар рӯдхонаи Норини Қирғизистон, таъмин мешавад.

Яке дигар аз харидорони умдаи нерӯи барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Узбакистон аст. Возеҳ аст, ки Тоҷикистону Узбакистон дар моҳи августи соли 2018 тавофуқномаи шарокати роҳбурдӣ имзо карданд ва ин омил имрӯз то ҳадди зиёде мазмун ва мундариҷаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи онҳоро таъйин мекунад. Имрӯзҳо дар Узбакистон ислоҳоти густардае идома дорад; тавсеъаи корхонаҳои санъатӣ ва афзоиши зарфияти тавлидотии онҳо дастрасӣ ба нерӯи барқи арзону покиза аз олудагиҳои зистмуҳитиро ногузир месозад. Дар ин замина, метавон аз манобеъи табиъии кишварҳои ҳамсоя барои боло бурдани сатҳи рифоҳи умумӣ дар ҳарду кишвар истифода кард. Дар натиҷа, омили рақобат байни ин кишварҳо ба омили тавсеъаи муштарак табдил меёбад.

Нерӯгоҳи «Роғун» дар сиёсати минтақаии кишварҳои Осиёи Миёна

Лозим ба ёдоварист, ки дар фарояндҳои минтақаӣ дар Осиёи Миёна рӯйдодҳои бисёре ба торихчаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» гиреҳ хӯрдааст. Ин нерӯгоҳ, ки сохтмонаш ҳамакнун бо ҷӯшу хурӯш идома дорад, дар замони Шӯравӣ ҳадафи талошҳои муштараки кишварҳои поёноб буд, вале баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ, бавижа тайи 15 соли ахир, санги сари роҳ будааст. Сиёсати кишварҳои Осиёи Миёна дар бораи захоири энержии обии минтақа бештар перомуни нерӯгоҳҳои «Роғун» дар Тоҷикистон ва «Қамбарато» дар Қирғизистон шакл гирифта ва мутаҳаввил шудааст. Таҷрубаи «Роғун» нишон медиҳад, ки кишварҳои Осиёи Миёна аз баҳрабардории муштарак ва ҳушмандона аз зарфиятҳои энержии обии ҳавзаи рӯдхонаҳои Омӯ ва Сир суди воқеъӣ ва фаровоне ҳосил мекунанд. Бархӯрди манфӣ аммо шароити ногуворе барои густариши ҳамкориҳои мутақобила эҷод мекунад, ки аз он пеш аз ҳама мардуми одӣ зиён мебинанд.

Тағйири шароити ҳоким бар авзоъи сиёсии Осиёи Миёна баъд аз соли 2017 фурсате барои барномарезӣ ва иҷрои роҳбурдҳо ва тарҳҳои дарозмуддат фароҳам мекунад, зеро истиқлоли энержии минтақа аз бозигарони хориҷӣ боъиси рушду парвариши зарфиятҳои иқтисодӣ ва истифодаи муассир аз сарватҳои табиъии мавҷуд ба нафъи ҳамаи сокинон хоҳад шуд. Дар назар гирифтани ин таҷруба ба таври куллӣ ба пешрафти ҷомеъу фарогири минтақа кумак мекунад, падидаҳои манфӣ, монанди ҷурму ҷиноят, бекорӣ, ифротгароӣ, ва куллан мизони фақрро коҳиш медиҳад ва сатҳи рифоҳи умумиро боло мебарад. Нуктаи охир бавижа барои Тоҷикистон муҳим аст, зеро дар ин кишвар фузунии нерӯи инсонӣ ва сатҳи болои муҳоҷирати корӣ ба Русия ва Қазоқистон мушоҳида мешавад.

Сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳалли сохтмони «Роғун». Акс аз: catoday.org
Сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳалли сохтмони «Роғун». Акс аз: catoday.org

Падидаи бесобиқаи “Роғун” иҷоза медиҳад ба чунин натоиҷе бирасем:

  1. Ҳамкории кишварҳои Осиёи Миёна пеш аз ҳама фурсатҳо ва имконоти фаровоне барои худи ин кишварҳо фароҳам мекунад. Гуфтугӯ дар ин бора бавижа имрӯз ҳоизи аҳаммият аст, зеро тиҷорат миёни ин кишварҳо рӯ афзоиш аст ва бозори тавлидоти минтақаӣ ба таври чашмгире тавсеъа меёбад.
  2. Ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобил ва ба расмият шинохтани манофеъи миллии ҳамдигар мизони таниш ва ихтилофоти билқувваро кам мекунад ва фурсатҳои тозае барои таъмини амнияту сабот, дар шароите, ки таҳдидҳои ғайримаъмул ва номутаъориф ба амре одӣ ва рузмарра табдил мешаванд, дар ихтиёри кишварҳои минтақа мегузорад. Инҷо бояд таъкид кард, ки сатҳи нокофии ҳамкорӣ кишварҳои минтақаро дар баробари таҳдидҳо ва чолишҳои марбут ба терурисм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир осебпазир сохтааст.
  3. Имрӯз дар минтақаи Осиёи Миёна тарҳҳои мухталифи ҳамкорӣ таҳия ва ба мавриди иҷро гузошта шудаанд: раводиди муштараки туристӣ, ҳамкории наздик дар дохили минтақа (дидори раҳбарони кишварҳо дар остонаи Наврӯз дар моҳи марти 2019 дар Тошканд дар назар аст), анҷоми раванди нишонагузорӣ ва таъйини хутути марзӣ, ки дар маҷмӯъ барои рушди зарфияти дохилӣ ва табдил шудан ба омиле таъсиргузор дар равобити байналмилалӣ лозим аст.

Натиҷагирӣ

Ба ин тартиб, дар системи авлавиятҳои имрӯзи Тоҷикистон чашмандозҳои ҳаётию муҳимме ба тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» гиреҳ хӯрдааст. Ва раванди иҷрои ин тарҳ нишон дод, ки посухгӯи ниёзҳо ва интизороти табиъии мардум аст ва анҷоми корҳои бесобиқае мисли он, дар маҷмӯъ, шароити матлубе барои дастёбӣ ба манофеъи миллӣ фароҳам месозад:

Нахуст, нерӯгоҳи «Роғун» муҳлати фаъолияти нерӯгоҳи «Норак»-ро барои беш аз сад соли оянда тӯлонитар мекунад. Аз бас ин нерӯгоҳ болотар аз таъсисоти обии дигар дар маҷрои рӯдхонаи Вахш воқеъ аст, имкони захираи об дар замони серобӣ ва танзими сатҳи оби рӯдхонаи Вахшро фароҳам мекунад, ва дар шароити камобӣ метавон аз оби захирашуда барои обёрии мазореъ истифода кард. Обанбори “Роғун” зарурати анбоштани об дар обанборҳои пойиндасти рӯди Вахш барои тавлиди нерӯи барқро аз миён мебарад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                  Дувум, дар шароити истиқлоли давлатӣ, анҷоми сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» фурсатҳое барои баҳрабардорӣ аз манобеъи фаровони энержии обии Тоҷикистон фароҳам мекунад, ки тибқи арзёбиҳои аввалия муъодили 527 милёрд килувот/соъат дар сол аст ва аз ин манобеъ ҳоло фақат 5% баҳрабардорӣ шудааст. [10]. Дар чашмандозе дарозмуддат, афзоиши ҳаҷми солонаи тавлиди барқ то ба 70% аз зарфияти мавҷуд, кумак мекунад, ки Тоҷикистон ваҷҳаи байналмилалии худро иваз кунад, кайфияти зиндагии шаҳрвандонашро боло барад ва ба рушди муносиби тавлидоти санъатӣ ва истихроҷу коркарди маъодин даст ёбад.

Севум, ҳамон тур ки дар боло зикр шуд, нерӯгоҳи «Роғун» дар фароянди таҳкими ваҳдати миллӣ нақши мусбате ифо кардааст. Падидаи «Роғун»-ро метавон ҳамтарози тадобире донист, ки фароянди шаклгирии ҳувияти маданӣ ё шаҳрвандиро ба таври қобили мулоҳизае суръат мебахшанд. Дарки ҷойгоҳи ояндаи Тоҷикистон дар таҳаввулоти минтақаӣ ва барномаҳояш барои афзоиши зарфияти тавлидоти дохилӣ ба нерӯгоҳи «Роғун» сахт гиреҳ хӯрдааст. Лозим ба таъкид аст, ки аҳаммияти таъмини амнияти энержӣ дар кишварро бидуни истисно ҳамаи шаҳрвандон дарк кардаанд, зеро душвориҳои дастрасӣ ба нерӯи барқ дар фасли зимистон гоҳе маворид ба талафоти инсонӣ мунҷар шудааст.

Чаҳорум, фарояндҳои марбут ба иҷрои тарҳи «Роғун» нишон дод, ки Тоҷикистон тавоноии таҳия ва иҷрои гом ба гоми барномаи тавсеъаи буландмуддати худро дорад. Ин гуфтмон пеш аз ҳама ба вуҷуди иродаи сиёсӣ ва дарки аҳаммияти ин барнома аз сӯи шаҳрвандон, яъне пуштвонаи иҷтимоъии он, вобаста аст.

Панҷум, падидаи «Роғун» таҷрубаи худкифоӣ ва пешрафти озодонаи Тоҷикистонро тақвият мекунад ва истидлоле қавӣ барои як давлати муваффақ маҳсуб мешавад. Имрӯз дар фазои иттилоърасонӣ дар робита бо ҷамоҳири шӯравии собиқ бидуни дар назар гирифтани шароити давлатдорӣ истилоҳоти манфие ба кор бурда мешавад. Ғофил аз ин ки барои эҷоди як ҷомеъаи озод ва демукротик пеш аз ҳама таҷрубаҳои амалии пешрафти озодона ва орӣ аз ҳар гуна вобастагӣ лозим аст, зеро мавҷудияти «тафаккури масрафгароёна» дар шаҳрвандон аз бисёр ҷиҳатҳо ин фарояндро бозмедорад.

Шашум, раҳандозии воҳиди аввали нерӯгоҳи «Роғун» имтиҳоне ҷиддӣ барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст. Зеро иблоғ ва тарвиҷи аҳаммияти ин тарҳ аз тариқи сиёсати хориҷӣ дар пиёда шудани он нақши боризе ифо карда ва таҷрубаи амалӣ дар ҷиҳати танзими роҳбурди мносиб барои дифоъ аз манофеъи миллӣ ва таҳаққуқ бахшидан ба он ҳосил шудааст. Таҷрубаи ҷустуҷӯи роҳҳои созишу мусолиҳа бо дар назар гирифтани манофеъи шарикони хориҷӣ дар масоили ҳассос ва посдорӣ аз манофеъи миллии худ имконоти умедворкунандае барои таҳкими барномарезии сиёсати хориҷӣ фароҳам месозад.

Ҳафтум, имрӯз марҳилаи тозае дар ҳамкориҳои хориҷии Тоҷикистон шурӯъ мешавад ва раҳандозии аввалин воҳиди нерӯгоҳи «Роғун»-ро метавон ба оғози тағйири ваҷҳа ва боло бурдани эътибори кишвар дар сатҳи минтақа пайванд зад. Гуфтугӯ дар ин бора бавижа барои кишвари мо муҳим аст, ба ин маъно, ки тарҳи муваффақе дар ҳоли зуҳур аст, ки омили рақобатро ба омили ҳамкорӣ ва тавсеъаи муштарак табдил мекунад. Пешрафти бокайфият ва таҳкими равобит миёни давлатҳои Осиёи Миёна дар ҳамаи ин кишварҳо таъсири мусбат мегузорад ва барои дастёбӣ ба манофеъи миллияшон шароити муносибе фароҳам мекунад.

Дар фарҷом, ба умеди ояндаи беҳтаре ҳастем, зеро то анҷоми комили сохтмони «Роғун» албатта вақт ва манобеъи молии зиёде лозим аст. Фазои нави сиёсие, ки дар қаламрави Осиёи Миёна дар ҳоли шаклгирист, эътимоди умумӣ ба ҳамкории наздик миёни ин кишварҳоро тақвият мекунад ва ин амр барои амалӣ сохтани тарҳҳои дорои аҳаммияти миллӣ бисёр зарурӣ ва муҳим аст.

Адабиёти истифодашуда:

[1] Садриддинов М.И. Оценка значимости водных ресурсов в формировании пространственной структуры хозяйства Республики Таджикистан: дис… канд. экон. наук. Новосибирск, 2014.
[2] Абдулло Р.Г.: Кто построит Рогунскую ГЭС? URL: https://cabar.asia/ru/rashid-gani-abdullo-kto-postroit-rogunskuyu-ges/
[3] Три-два-один… Пуск! В Таджикистане сегодня запустят Рогунскую ГЭС. URL: https://news.tj/ru/news/tajikistan/economic/20181116/tri-dva-odin-pusk
[4] В Таджикистане за год продано акций Рогуна лишь на $186,2 млн. URL: http://asiaplus.tj/news/322/72790.html
[5] Довудов К. О Рогунской ГЭС и ее региональном значении. URL: http://www.tnu.tj/index.php/en/9-novosti/965-o-rogunskoj-ges-i-ee-regionalnom-znachenii
[6] Таджикистан объявил тендер на достройку Рогунской ГЭС. URL: https://news.tj/ru/news/tajikistan/economic/20150227/tadzhikistan-obyavil-tender-na-dostroiku-rogunskoi-ges
[7] Итальянская компания выиграла тендер на строительство Рогунской ГЭС. URL: http://tajikistantimes.com/news_rus/italyanskaya-kompaniya-vyiigrala-tender-na-stroitelstvo-rogunskoy-ges/
[8] Речь Лидера нации Эмомали Рахмона на церемонии начала работы первого агрегата Рогунской гидроэлектростанции. URL: http://khovar.tj/rus/2018/11/rech-lidera-natsii-emomali-rahmona-na-tseremonii-nachala-raboty-pervogo-agregata-rogunskoj-gidroelektrostantsii/
[9] Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года (Утверждена Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2016 года, №392).
[10] Резюме аналитического обзора «Состояние и перспективы интегрированного управления водными ресурсами бассейна реки Зерафшан»/Сост. Я.Пулатов, У.Муртазаев, Н.Рустамова, М.Фаттоева. Программа Развития ООН, 2011.
[11] Рогунская ГЭС – новая сила Таджикистана. URL: http://tajikistantimes.com/news_rus/rogunskaya-ges-novaya-sila-tadzhikistana/
[12] Почти вдвое увеличил экспорт электроэнергии Таджикистан в 2018 году. URL: https://tjk.rus4all.ru/news/20190129/728886454.html
[13] Зачем Таджикистану нужен Рогун? URL: https://news.tj/ru/news/tajikistan/economic/20181116/zachem-tadzhikistanu-nuzhen-rogun


Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо сарпарастии молии Вазорати умури хориҷии Норвегия иҷро мешавад, таҳия шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин мақола баёнгари мавзеъи расона ё сарпарасти молӣ нест.