© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: имконот ва зарфиятҳои иттиҳоди мухолифин

«Дар солҳои ахир фаъолияти мухолифини тоҷик дар хориҷа ба таври чашмгире афзоиш ёфтааст. Ин раванд бахусус пас аз муҳоҷирати бахши қобили таваҷҷуҳе аз сиёсатмадорони мунтақид ба Аврупо возеҳтар ба назар мерасад. Бо ин ки ин гурӯҳҳо  хеле  фаъоланд, имкиноти маҳдуде барои расидан ба аҳдофашон дар даст доранд.» —  таъкид мекунад Хурсанд Хуррамов, коршиноси масоили сиёсӣ, дар мақолаи худ, ки барои сойти таҳлилии CABAR.asia нивиштааст.


English Русский

Чашмандози кӯтоҳе ба мақола:

  • Мухолифини тоҷик дубора муттаҳид мешаванд. Ин дувумин мавриди ҳамбастагии онҳо пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ аст.
  • Дар шароити имрӯз зарфияти сиёсии эътилофи мухолифини тоҷик фақат ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ маҳдуд аст.
  • Феҳристи мутолиботи умдаи Эътилофи миллӣ шомили риояти ҳуқуқи башар, барқарории ҳуқуқ ва озодиҳо барои ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ ва ҳамчунин таъмини интихоботи озоду шаффоф дар Тоҷикистон мешавад.

 

Дидори азҳоби сиёсӣ дар Варшав дар моҳи сентябри соли 2018, ки дар онҷо «Эътилофи миллии Тоҷикистон» таъсис ёфт. Манбаъ: parstoday.com
Дидори азҳоби сиёсӣ дар Варшав дар моҳи сентябри соли 2018, ки дар онҷо «Эътилофи миллии Тоҷикистон» таъсис ёфт. Манбаъ: parstoday.com

Барои дувумин бор аст, ки пас аз поёни ҷанги дохилӣ шахсиятҳои мухолифи давлати Тоҷикистон ба хотири даст ёфтан ба аҳдофи сиёсии худ тасмим гирифтанд муттаҳид шаванд. Бо ин ки рӯйдодҳо дар хориҷ аз кишвар иттифоқ уфтода, ҳамин худ муттаҳид шудани бархе аз гурӯҳҳои мухолиф омӯзиши фаъолияти онҳо, ангезаҳо ва дидгоҳҳои сиёсии онҳоро пураҳаммият месозад.

Авоили моҳи сентябри соли 2018, дар остонаи 27-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, дар пойтахти

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Манбаъ: asiaplus.tj
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Манбаъ: asiaplus.tj

Лаҳистон чаҳор гурӯҳи мухолиф: Эътилофи Миллӣ (ки шомили Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳам мешавад), Ҳаракати ислоҳот ва пешрафт, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо аз муттаҳид шудани худ хабар доданд.

Муносиботи байни мухолифин ва ҳукумати Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлол шудани ин кишвар бисёр печида ва зидду нақиз будааст. Фароянди гузор аз даргириҳои мусаллаҳона барои касби қудрат (дар солҳои 1992-1997) то имзои созишномаи сулҳ (дар соли 1997) ва дар ихтиёри мухолифин гузоштани 30 дарсад аз мансабҳои давлатӣ ва ҳамчунин то хориҷ кардани тадриҷии мухолифин аз арсаи сиёсӣ ва ҳатто эълом шудани ҲНИТ ба унвони як ҳизби терористӣ дар соли 2015 асли «ҳама чиз баҳраи пирӯзмандон аст»-ро дар муборизоти сиёсӣ бозтоб медиҳад.

Ин рӯёрӯӣ дар марҳилаи гузашта бо равишҳои худ ва набуди барномаҳо ва cтротегияи муносиб бо ончи назарияи сиёсии клосик матраҳ карда, мутафовит будааст. Нозирони хориҷӣ ин рӯёрӯиро муборизаи исломгароӣ бо дунявият, аммо нозирони дохилӣ рақобати гурӯҳҳои минтақаӣ барои даст ёфтан ба қудрат ва манобеъи давлатӣ талаққӣ мекарданд. Дар ҳақиқат, ҳам ин буду ҳам он, аммо ҳарду идеологияи дунявият ва исломгароӣ касби машрӯъияти дохилӣ барои қудрат ва ҷалби ҳомиёни хориҷиро ҳадаф қарор дода буданд.

Чашмандози сиёсии Тоҷикистон ба далели мавҷудияти вижагиҳои минтақаӣ ҳамеша ноҳамгун будааст. Бино бар ин, пас аз суқути идеологияи комунистӣ ва эъломи асли чандандешӣ нерӯҳои сиёсӣ маҷбур шуданд барои ҷалби тарафдорон ва дар назар гирифтани манофеъи якдигар ба сурати гурӯҳӣ талош варзанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъият дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1991 исломгароён бо демократҳо муттаҳид шуданд, дар солҳои ҷанги дохилӣ Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва дар замони интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2013 Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Дар ҳамаи ин эътилофҳо нақши калидиро ҳамеша Ҳизби наҳзати исломӣ (ки ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) иҷро мекард, зеро он бо таваҷҷуҳ ба парчами идеолгияи исломӣ ва манобеъу зарфиятҳои ғанияш, аз ҷумла ҳимояти молии хориҷӣ, аз пуштибонии тӯдаҳои бештаре бархурдор буд. Илова бар ин, саъй мешуд, ки гурӯҳҳои маҳаллӣ ҳам дар ин фаъолиятҳо ҳузури густардае дошта бошанд.

Зоҳиран, бо гузашти замон рӯйкардҳои аслии мухолифини тоҷик бидуни тағйир боқӣ мондааст. Зимни таъсиси «Эътилофи миллӣ» дар хориҷ мухолифини тоҷик талош карданд, ки тавозуни маҳаллиро то ҳадди имкон таъмин кунанд, ки ин ҳама боз ҳам бо пуштибонии қотеъи ҲНИТ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) сурат гирифт. Эъломияи таъсиси эътилофи навро Алим Шерзамонов, зодаи ВМКБ, Шарофиддин Гадоев, зодаи вилояти Хатлон, Муҳиддини Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва Илҳомҷони Яъқубзода, зодаи вилояти Суғд, имзо карданд.

Ба назар мерасад, ки ин рӯйкард барои расидан ба аҳдофи зерин равона шудааст.

  • ба намоиш гузоштани зарфиятҳои эътирозӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар ба мақомоти Душанбе ва нозирони хориҷӣ
  • созмондиҳии гурӯҳҳои ҳамбастагӣ дар ин манотиқ бо намояндагонашон, ки аз мубтакирони таъсиси эътилоф ҳастанд;
  • оғози ҳамкорӣ бо кишварҳое, ки пас аз мамнуъ шудани ҲНИТ бо эҳтиёт бо он бархӯрд мекунанд;
  • коҳиши омили исломӣ аз роҳи таъмини мушорикати бештари шахсиятҳои секулор дар ин эътилоф;

Бахусус, ин мавриди ахир барои раҳбарии ҲНИТ нуктаи дарднокест, зеро аз як тараф, тайи солҳои гузашта ин ҳизб мухотабони зиёде барои идеологияи мазҳабияш ҷалб кардааст. Дар айни ҳол, як навъ «безорӣ» нисбат ба исломи сиёсӣ вуҷуд дорад — чи аз сӯи шаҳрвандони дунявиятхоҳи Тоҷикистон ва чи аз сӯи қудратҳои ҷаҳонӣ (ИМА, Русия ва Чин) ва кунишгарони минтақаӣ (Узбакистон, Қазоқистон).

Ин ки то чи андоза Кабирӣ қодир ба тағйири ҷиҳати ҳизб ба сӯи дунявият аст, вақт нишон хоҳад дод. Аммо ҳоло дар суханрониҳои худ ӯ сирфан ба ояндаи дунявии Тоҷикистон таъкид мекунад.

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки эътилофи тозатаъсис ҳамаи гурӯҳҳои мавҷудаи мухолиф дар берун аз Тоҷикистонро дар бар намегирад. «Гурўҳи 24» ва Конгреи нерӯҳои созанда аз пайвастан ба ин эътилоф худдорӣ ва нисбат ба ҷойгоҳи раҳбарии ҲНИТ дар он эътироз карданд.

Раҳбари Конгре ва ҳаракати сиёсии Ватандор бо ҲНИТ як ҷанги расонаии тамом айёреро ба роҳ андохта ва таъкид мекунад, ки раҳбарии кунунии ин ҳизб, ки дар раъси он Муҳиддини Кабирӣ қарор дорад, «бекифоят ва аз мудирияти сиёсии муваффақ оҷиз» аст.

Зарфияти мавҷуда

Дар бобати имконоте, ки гурӯҳҳои мухолиф дар заминаи таъйини тарафдоронашон доранд, метавон гуфт, ки ин имконот комилан маҳдуд аст. Ҳанӯз то эълом шудани ҲНИТ ба унвони як ҳизби терористӣ аз сӯи давлат дар соли 2015 раҳбари он гуфта буд, ки ин ҳизб ҳудуди 42 ҳазор узв дорад. Айни замон таъйиди ин рақам ғайримумкин аст, зеро худи ҳизб аз қатъи фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон расман хабар дода буд ва дертар фаъолияташ комилан мамнуъ шуд.

“Имрӯз зарфият ва имконоти сиёсии эътилофи мухолифини тоҷик танҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ маҳдуд шудааст.”

Эътилоф сомонаҳои хабарие чун «Паём», «Востокнюз», «Озодандешон», «Хабарҳо» ва ғайра дар ихтиёр дорад. Мухотабони аслии мухолифин, бо таваҷҷуҳ ба шеваи баёни суханрониҳояшон, асосан аз коргарони муҳоҷир дар Русия ва шаҳрвандони бекоре иборатанд, ки аз вазъи зиндагии худ дар Тоҷикистон розӣ нестанд. Мушкилоти ҳуқуқи башар, сиёсати дохилии нокоромад, тағйироти кадрӣ, сиёсатҳои хориҷиву иқтисодии нокоромад аз нукоти аслии мавриди интиқоди иттиҳоди мухолифин ба шумор меояд.

Сиёсатмадорони мухолиф дар табъид дар нишастҳои солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар бораи масоили буъди инсонӣ фаъолона ширкат мекунанд ва саъй доранд аз тариқи ниҳодҳои аврупоӣ ба таҳрими феҳристе аз мансабдорони тоҷике даст ёбанд, ки аз диди онҳо дар мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар даст доранд.

Дар таърихи минтақа чунин иқдоме дар соли 2005 пас аз воқеъоти Андиҷон собиқа доштааст. Он замон Иттиҳодияи Аврупо алайҳи чанд тан аз сиёсатмадорони Узбакистон таҳрим эълом карда буд, аммо ин таҳримҳо муваққат буд. Аз натоиҷи фаъолияти мухолифон метавон ба феҳристи таҳриме ишора кард, ки созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар дар моҳи сентябри 2017 интишор доданд ва дар он номи Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зикр шуда буд. Мухолифон ӯро масъули шиканҷаи Муҳаммадъалии Ҳайит, муъовини раҳбари ҲНИТ, донистаанд.

Эътилофи Миллӣ барои бунёди як ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, барои риъояти ҳуқуқи башар, барқарории ҳуқуқ ва озодиҳоии ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ, ва ҳамчунин барои интихоботи озоду шаффоф ва дорои рақобат дар Тоҷикистон эълони мубориза кардааст. Дар бораи васоил ва роҳҳои дастёбӣ ба ин аҳдоф мубтакирон чизе намегӯянд, аммо бо таваҷҷуҳ ба имконот ва шароити кунунии мухолифин, чунин ба назар мерасад, ки онҳо бештар саъй доранд аз роҳи муборизаи таблиғотӣ ва бо кумаки муассисоти гуногуни аврупоӣ ва байналмилалӣ бар ҳукумати Тоҷикистон фишор биёранд. Дар мавриди ин ки онҳо то чи андоза ба ин аҳдофи худ мерасанд, вақт довар аст. Ин амр ҳамчунин ба навъи вокунише бастагӣ дорад, ки мақомот дар Душанбе ба фаъолияти мухолифон мекунанд.

Вокуниши давлат

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ. Сарчашма: rus.ozodlik.org
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ. Сарчашма: rus.ozodlik.org

Бо таваҷҷуҳ ба ислоҳоти ахир дар Қонуни асосӣ, аз ҷумла пойин бурдани синни номзадӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва гомҳои басуръати Рустами Эмомалӣ дар силсиламаротиби мансабҳои давлатӣ, ба назар мерасад, ки фароянди таҳвили қудрат дар Душанбе оғоз шуда бошад.

Муваффақияти ин таҳвили қудрат ба суботи режими сиёсӣ ва омилҳои матлуби хориҷӣ бастагӣ дорад. Бо таваҷҷуҳ ба вокунишҳои мусбати сокинони пойтахт ба кору фаъолияти Рустами Эмомалӣ метавон гуфт, ки дар сатҳи дохилӣ ӯ тақрибан тавонистааст аз худ тасвири як мудири муассиру муваффақ дар симати шаҳрдори Душанберо ба намоиш гузорад.

Ин вазъият заминаи муносиберо барои интиқоли қудрат ба вуҷуд меорад ва мухолифинро аз фурсатҳои муҳимме маҳрум месозад. Бо ин вуҷуд, низоми сиёсии кунунӣ мушкилот ва масоили ҳалношудаи фаровоне, монанди мушкилоти ҳуқуқи башар, ҳал нашудани масоили иҷтимоию иқтисодӣ, сатҳи болои бекорӣ, фасод, афзоиши қарзи давлатӣ ва ғайра дорад. Ин мушкилоти доимии кишвар наметавонанд дар муддати кӯтоҳе бартараф шаванд. Бино бар ин, барои таҳвили муассири қудрат, Душанбе метавонад ё аз дастгоҳи саркӯб истифода кунад, ё метавонад ба самти озодиҳои бештаре гом бардорад, ки ин аз ҷумла шомили музокира бо мухолифон низ мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба тасмимоти ахири ҳукумат, метавон гуфт, ки ҳукумат барои боло бурдани эътибораш гомҳои мушаххасе бардоштааст. Дар ин маврид, аз ҷумла метавон ба раҳоии рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов ва ҳуқуқдон Шуҳрат Қудратов аз зиндон, лағви мамнуъияти сафар ба хориҷ барои хешовандони мухолифин, даъват аз мухолифин ба мизи музокира дар нишасти САҲА дар бораи буъди инсонӣ дар Варшав ишора кард.

Натиҷагирӣ

Фаъолияти мухолифини тоҷик дар хориҷ аз кишвар тайи солҳои ахир дарвоқеъ пурранг шудааст. Ин амр бавижа пас аз мамнӯъияти фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон ва муҳоҷирати теъдоди чашмгире аз аъзои ин ҳизб ба Аврупо возе

Сатҳи фақр дар Тоҷикистон болост. Сарчашма: new.agroinform.tj.
Сатҳи фақр дар Тоҷикистон болост. Сарчашма: new.agroinform.tj.

ҳтар эҳсос мешавад. Сарфи назар аз ин, гурӯҳҳои мухолиф имконоти кофӣ барои расидан ба аҳдофи худ дар ихтиёр надоранд, чунки аксари шаҳвандони Тоҷикистон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои иттилоъотӣ дастрасӣ надоранд ва ҷараёни ахбору иттилоъот ҳам то андозае аз сӯи ҳукумат полоиш мешавад.

Илова бар ин, ҳар гуна таваҷҷӯҳи ошкор ба ин гурӯҳҳо хатари пайгарди қонуниро ба дунбол дорад, зеро тақрибан ҳамаи ин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон дар феҳристи созмонҳои ифротгарову терористӣ дарҷ шудаанд. Бо ин ҳол, бидуни ҳал боқӣ мондани масоили иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва сирфан такя кардан ба равишҳои саркӯбгарона метавонад таваҷҷуҳи бештари мардумро ба фаъолияти мухолифон дар муҳоҷират ҷалб кунад ва боиси маҳбубияти бештари ин гурӯҳҳо дар ҷомеъа шавад.

Рӯшан аст, ки дар шароити мавҷуда режими сиёсии Душанбе сарфи назар аз гомҳое ба самти озодиҳои бештар моил нест, ки бо мухолифон сари мизи музокира биншинад, зеро рӯёрӯиву мухолифати онҳо ба сатҳе расида, ки ҳамдигарро чашми дидан надоранд.

Ин имтиёз мумкин аст фақат ба муддаъии ояндаи қудрат таъаллуқ бигирад, агар таҳвили қудрат дар хонавода бо муваффақият анҷом шавад ва мухолифон натавонанд дар баробараш гузинаи беҳтареро пеш гузоранд.


Ин мақола дар чорчӯби тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хосси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.