© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Душанбе: Хонаҳои нав на барои ҳама

Дастрасӣ ба манзил аз мушкили асосии сокинони шаҳри Душанбе боқӣ мондааст. Ҳарчанд сохтмони биноҳои нав дар Душанбе рӯз аз рӯз зиёд шуда истода бошанд, аммо талабот ба манзил ҳанӯз ҳам зиёд аст. То соли 2010 шаҳрдори Душанбе барои гирифтани замини назди ҳавлигӣ ҳудуди 25 ҳазор  сокини шаҳр дар навбат буданд. Аммо соли 2010 бо сабаби камбудии зиёд дар ин самт, қабули аризаи шаҳрвандон қатъ гардид.


Русский

Чанд соли охир теъдоди сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Душанбе якбора зиёд шуд, аммо эҳсос мешавад, ки суръати сохтмон суст шуда, баъзе аз сохтмонҳо дуру дароз рафта истодаанд.   

Танҳо як гаштугузор дар кўчаҳои Душанбе собит сохт, ки  даҳҳо биноҳои нав, ки танҳо як ду сол пеш ба истифода дода шудаанд, боз таъмирталаб шудаанд.  

Коршиноси масоили иқтисодӣ Равшан Меликшоев ҷой доштани чунин камбудро дар истифода шудани масолеҳи сохтмонии пастсифат медонад. Илова бар ин технологияи ороиши намуди зоҳирии биноҳо, ҳавотозакунакҳо, ҷой додани мавҷпаҳнкунакҳо намуди зоҳирии биноҳои навро коста мекунанд. Ҳамзамон ба андешаи ў, фаъол набудани шабакаҳои гармидиҳӣ дар баъзе биноҳои нав ва иншооти баистифода додашуда боиси нигаронии харидорон шудааст.

Ин нукта аз назари Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ дур намонд.

Шаҳрдори пойтахт зимни ҷаласаи солонаи натиҷагирӣ аз соли 2017 ба мавзўи ҷилавгирӣ аз сохтмони бесифати хонаҳо дахолат намуда, таъкид сохт, ки вақте хонаҳои баландошёна месозанд, як сол нагузашта ранги биноҳо коста мешавад, аз бомаш об мечакад ва  ба талаботи санатарӣ ҷавобгӯ нестанд. Илова бар ин деворҳои ин хонаҳо зуд пупанак (грибок) пайдо мекунанд. Дар хонаҳо ҳаво намерасад ва сабаби пайдоиши бемории астма, грипп ва бемориҳои дигари сироятӣ мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, мудири муассисаи нигаҳдории иншооти Душанбе Набот Авезов бар ин назар аст, ки баъзе биноҳои баландошёна бо нуқсу камбуд сохта мешаванд, ки аз тарафи комиссияи сохтмон қабул намегарданд. Онҳо дубора маблағ сарф карда, хонаҳоро месозанд. Ба қавли ў, масъулини шаҳрдорӣ супориши қатъӣ гирифтаанд, то ба ин бесарусомонӣ хотима бахшида шавад.

Ин нигаронӣ ва талаби қотеъонаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳолест, ки  раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни баргузории нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш дар посухи ин пурсиш гуфт, ки соли гузашта дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ 3,286 санҷиш гузаронида шуд.

Имрӯз мо дорои 2 озмоишгоҳ ҳастем, ки метавонем сифати маҳсулоти сохтмониро санҷида бароем. Натиҷаи санҷишҳо нишон доданд, ки сифати масолеҳи сохтмонии иншооти сохташавандаи ш. Душанбе ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд.

Ба қавли сарвари бинокорони ҷумҳурӣ, баъзе камбудиҳо низ ҷой доранд. Яке аз камбудиҳои асосӣ ин сари вақт нагузаштани лоиҳаҳо аз ташхиси давлатӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, 171 камбудии сохтмон дар боми бино, 430 камбудии сохтмон дар деворҳо, 405 камбудии сохтмон дар партозгарӣ, 100 камбудӣ дар корҳои сантехникӣ, 211 камбудӣ дар таъмиру сохтмони роҳҳо, 668 камбудӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ, 555 камбудӣ назорати муаллифӣ набурдан ва 119 камбудӣ сифати маҳсулоти сохтмон ба қайд гирифта шуданд. Ба масъулини ширкатҳо барои ислоҳи камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дода шуданд, қайд кард ӯ.

Мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ҳоле аз ҷавобгў ба талабот будани биноҳои нави баландошёна ва коҳиш ёфтани нархи хонаҳо сўҳбат мекунанд, ки коршиносон ва муштариён тобоварӣ ба офaтҳои табиӣ ва ба арзиши аслияшон мувофиқ будани биноҳоро зери суол мебаранд. Дар КВД «Маркази ташаккули нарх дар соҳаи сохтмон» муътақид бар ин ҳастанд, ки соли 2017 нархи як метри мураббаъи манзил дар Душанбе 350-500 долларро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ ҳам соли гузашта дар Душанбе 195 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта ба истифода дода шудааст.

Мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегўянд, ки дар муқоиса ба 10 сол пеш нархи хона 35-40% коҳиш ёфтааст. Сабаби аслии поинравии нархи хонаҳоро онҳо дар афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла хишту семент дар ҷумҳурӣ мебинанд.

Назирмад Сабуров, ки солҳо дар Душанбе ба риэлторӣ машғул аст, мегўяд, ҳарчанд  истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ зиёд шудаву дар қиёс бо солҳои гузашта нарх фуромада бошад ҳам, вале кам шудани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ имконоти харидории муштариёнро кам кардааст.

Ба итминони ин тоҷири миёнарав ҳанўз ҳам таваҷҷўҳи аҳолӣ ба хонаҳои сохти солҳои 80 -уми салтанати шўравӣ бештар аст. “Чунки, – мегўяд  ў, – аз як сў ин хонаҳо бо ба офатҳо тобоварияшон дилпуранд, аз сўи дигар, харидор итминон надорад, ки масолеҳи сохтмонии дар манзилҳои нав истифодашуда чӣ гуна сифате дорад.

Дидан кардан аз чанд ширкати сохтмонӣ нишон дод, ки ҳоло арзиши як метри мураббаъи манзил дар пойтахт вобаста ба макони ҷойгиршавӣ ва ошёна мутаносибан аз 350 то 900 доллар арзиш дорад.

Қисми зиёди ин сохтмонҳоро дар кишвар ширкатҳои хусусӣ бунёд мекунанд. Вале ба қавли коршиносон,  миёни онҳо гурӯҳҳои монополие мавҷуданд, ки нархро ба таври сунъӣ баланд нигоҳ медоранд.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров  бар ин назар аст, ки арзиши кунунии ҳар метри мураббаъи манзил, сарфи назар аз он ки дар куҷо ва чӣ гуна сохта шудааст, чанд маротиба гарон буда, ҳатто фаъолияти монополӣ ҷорӣ шудааст. Соҳибкорон хона месозанд, вале бо арзиши гаронтар аз хароҷоти аслии худ мефурӯшанд. «Бояд ин тарифҳоро паст кард, зеро сатҳи фоиданокӣ дар сохтмони Тоҷикистон тахминан аз 200% то 900%-ро ташкил медиҳад. Агар хароҷоти як метри мураббаъ ба 350-400 доллар баробар бошад, ки ин хеле зиёд аст, нарх аз 1200 доллар боло аст. Ин хеле ташвишовар аст ва яке аз сабабҳои дастнорас будани ин  хонаҳо аст”.

Дар Тоҷикистон, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле қафомонда аст, чунин тарифҳо хеле баланд мебошанд. Масалан, барои харидани хонае, ки 1 метри мураббаъи он 1200 доллар арзиш дорад, музди коре, ки дар Тоҷикистон мегирем, кифоят намекунад ва барои ин аз 60 то 80 сол кор кардан лозим аст».

Тибқи гузориши солонаи Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ ҳадди маоши миёнаи сокинони Тоҷикистон дар соли 2017 1083 сомонӣ (муодили 123 доллари ИМА) – ро ташкил додааст, ки нишондоди мазкур дар байни кишварҳои узви ИДМ аз ҳама пасттарин ба шумор меравад.

Бархе аз такрори тақдири ба сари муштариёни ширкатҳои сохтмоние, чун “Мовароуннаҳр”, “Сохтмони нав” ва “Эскон”- марбут ба як соҳибкори эронӣ омада, ба ҳарос афтода, аз роҳбарияти ширкат бозпас гардонидани маблағҳояшонро талаб намуданд.

Зимнан, моҷарои пурсарусадо ва доманадор дар мавриди сохтмони биноҳои нав ба сари муштариёни ширкати хонасозии «Мовароуннаҳр» дар соли 2010 омада буд, ки бо айбдор шудани Ҷўрабек Охунов ба фасоди молӣ дар ҳаҷми ниҳоят бузург ва бо ҳукми cуд ба муддати 13,5 сол паси панҷара рафтани мавсуф бо гузашти 8 сол ҳанўз ҳам хомўш намешавад. Маводҳои парвандаи судӣ ҳамон вақт Охуновро дар фиреби зиёда аз 800 муштарии  ин ширкат айбдор мекарданд.

Прокуратураи шаҳри Душанбе баъди шикояти муштарии ин ширкат, сокини ш. Душанбе Матлуба Мирзораҳимова аз болои раиси феълии «Мовароуннаҳр», бародари Ҷўрабек Охунов – Тўрабек Охунов бар сари даъвои аз худ кардани 20 ҳазор доллар парвандаи ҷиноятӣ боз намудаву дар ҳоли тафтиш қарор дорад. Дар ҷустуҷўи роҳбарияти ширкати “Мовароуннаҳр” ба натиҷае нарасидем. Дари қароргоҳи қаблии ширкати «Мовароуннахр» дар кўчаи Сино 41 –и пойтахт махкам буду нишоне аз ба ин идора тааллуқ доштани он дида намешуд.

Дар як мусоҳибаи радиои Озодӣ ду моҳ қабл раиси ширкати “Мовароуннаҳр” Т. Охунов изҳор доштааст, ки “аз шумори беш аз 800 нафараи муштариён баъди иҷозаи дубораи сохтмони манзилҳои нотамом тақрибан 80 дарсади биноҳо сохта шуданд ва ё сохтмонашон дар ҳоли анҷомёбист ва феълан ҳамагӣ 13 нафар мунтазири гирифтани хонаҳои деринтизор ҳастанд.”

Дигар аз манзилҳои моҷаробарангези мутааллиқ ба “Мовароуннаҳр” сохтмони бинои 12- ошёнаи иборат аз 130 хона дар маҳаллаи 46, кўчаи Соҳилӣ мебошад. Даъвои муштариён бо “Мовароуннаҳр” сари беҳуҷҷат будани хонаҳои истиқоматияшон аст, ки 7 сол боз идома дорад.

Яке аз муштариёни ин хонаҳо, ки худро Муҳаммад муаррифӣ намуд, мегўяд, аз соли 2010 дар бинои лаби соҳил (назди пули мавсум ба Колхози Русия) ба як азобе хона гирифтаааст. “Он вақт раиси пешина буд, маблағро баргардонда натавонист. Шукри Худо, хона бе ягон дару тиреза, бо чор девори холӣ ҳам бошад, насибам шуд. Ҳозир дар ҳамин бино ҳамаи хонадорон зиндагӣ мекунанд. Ҳар кас худаш таъмир кард, пул ҷамъ карда, долону беруни биноро рангубор кардем, лекин то ҳозир хонаҳо бе ҳуҷҷат. Ҳатто раиси ҳозираро ҷеғ зада, фаҳмондем. Охир ин чӣ хел мешавад, кўдаконе, ки дар ҳамин бино таваллуд шудаанд, то ҳозир дар қайди ягон райони дурдаст, ё дар қайди хонаи бобову бибиашон ҳастанд. Тамоми ҷой муроҷиат кардем, бефоида, – мегўяд Муҳаммад ва меафзояд, ки: ба ҳуқуқшиноси “Мовароуннаҳр” муроҷиат кардаанд. Ў гуфтааст, ки ташхиси корхонаро гум кардаанд. Азбаски таҳкурсии ин хонахо аз замони Шўравӣ рехта шуда будааст, барои ҳамин бе ташхис онҳо ҳуҷҷат карда наметавонистаанд.

Чунин мушкилот бо ширкатҳои сохтмонӣ давра ба давра такрор мешаванд, вале бисёре аз сокинони Душанбе, ки ба манзили зист эҳтиёҷ доранд ва умед доранд, ки хонаҳои худро рӯзе мегиранд. Қарори охири раиси шаҳр оиди ҷоннок кардани кори ширкатҳои сохтмонии хусусӣ ва лоиҳаи «Сохтмони манзили дастрас», ки дар он нархи хонаҳо поинтар аст ва барои аҳолии камбизоат (муаллимон, духтурон ва зиёиён) пешбинӣ шудааст, ба онҳо умед бахшидааст. Лоиҳа соли 2012 шурӯъ шуд ва бисёре аз ниёзмандон соҳиби хона шуданд, вале соли 2014 корҳои сохтмонӣ қатъ шуданд.

Тобистони соли 2017, дар шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба Агентии мубориза бо коррупсия супориш дод, ки фаъолияти КВД “Сохтмони манзили дастрас” санҷида шавад. Аз қавли директори ширкати мазкур Н. Наимов бармеояд, ки дар ду маротибаи санҷиши Агентӣ ба ғайр аз баъзе ҳолатҳои изофанависӣ дар ҳаҷми хурд дигар камбудии ҷиддиеро ошкор накардааст. Ҳамакнун бо ҷалб шудани ширкатҳои сохтмонии дигар, КВД “Сохтмони манзили дастрас ба идомаи сохтмони 12 бинои истиқоматии аз 9 то 18 – ошёна пардохтааст. 

Дар ҳамин ҳол мақомот аз муштариён низ хостанд, то маблағҳои боқимондаро пардохт кунанд. Зеро “идомаи сохтмон аз пули сокинон вобаста аст”, – мегўянд онҳо.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: